Додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 23 декабр дар сомонаи расмиаш ҷузъиёти таҷовуз ва қатли як духтари 9-сола аз ҷониби марди 45 соларо шарҳ додааст. Гунаҳкори ин ҷиноят Рустам Болтахонов мебошад, ки моҳи ноябри соли равон ба ҳукми абад маҳкум шуда буд.
Додситонӣ менависад, ки ҳодиса рӯзи 16 август рух дода, Болтахонов дар ҳолати мастӣ ноболиғро бо роҳи фиреб ва додани 10 сомонӣ ва ширинӣ ба хонааш даъват карда, нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқона намудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ба ин қонеъ накарда, ҷинояткор ноболиғро таҷовуз кардааст, ки дар натиҷа ӯ аз ҳуш меравад. Духтар баъди ба ҳуш омадан гиря карда, мегӯяд, ки ҳодисаро ба модараш нақл мекунад.
– Болтахонов Р. И. бо мақсади фош нашудани ҷинояти содиркардааш ва руйпӯш намудани он, аз ҳолати оҷизонаи хурдсол Бобокалонова М.М. истифода бурда, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи хурдсол Бобокалонова М.М-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ охиринро ба марг расонида, ҷасади хурдсол Бобокалонова М.М-ро дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ доштааст,- мегӯяд Додситонӣ.
Баъди ин тахминан соатҳои 21:22 ҷасади хурдсолро ба дохили ҷуйбори сементии (латок) назди дарвозааш мепартяод, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ баъдан духтарро аз онҷо пайдо карданд.
Ин ниҳод мегӯяд, ки як рӯз пас аз ҳодиса, 17 август додситони вилояти Хатлон нисбати Рустам Болтахонов бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, “одамкӯшӣ”, “таҷовуз ба номус”, “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ”парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, додгоҳи Хатлон онро баррасӣ кард.
– Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 ноябри соли 2021 Болтахонов Рустам Исматуллоевич, ҷазои ниҳои дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст,- менависад додситонӣ.
Назари волидони духтари ноболиғ ва пайвандони маҳкумшуда то ҳол маълум нест.
Моҳи ноябри соли равон додгоҳи вилояти Хатлон Рустам Болтахоновро ба ҳабси абад маҳкум карда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.