Муҳлати муваққатан ворид кардани воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти сохтмонӣ барои амалисозии лоиҳаи бунёди қитъаи Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб то 9 июли соли 2022 тамдид мешавад.
Дар ин бора дар қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст, хабар дода мешавад.
Ба корҳои ворид намудани таҷҳизоти зарурӣ ва сохтмони ин қитъаи роҳ корхонаи фаръии корпоратсияи China Road and Bridge Corporation-и Чин машғул мешавад.
Дар номгӯй ба қарор даҳҳо техникаи гуногуни сохтмонӣ, ки аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ зимни убури сарҳад озод карда мешаванд, зикр шудааст.
Созишнома бо корпоратсияи Сhina Roud дар бораи корҳои таъмиру навсозии қитъаи 26-километрии Шкев-Қалъаи Хумб бо маблағгузории ҳудуди 50 млн доллар ҳанӯз соли 2018 ба имзо расида буд.
Дар лоиҳаи созишнома инчунин сохтмони се пул бо масофаи умумии 74 метр пешбинӣ шудааст.
Сармоягузорӣ ба лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшудаи Бонки исломии рушд, Фонди рушди Саудӣ, Фонди рушди Кувейт, Фонди Абу-Дабӣ, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), инчунин саҳмгузории ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли равон зимни ироаи паём ба парлумон дар бораи ба поён расидани сохтмони қитъаи Шкев-Қалъаи Хумб то охири сол сухан гуфта, изҳор намуда буд, ки Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.