spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мақомоти ВМКБ далели фаъол накардани интернет дар вилоятро гуфтанд. “Аз Аврупо низоъангезӣ мекунанд”

Мақомоти масъули таъмини суботу тартибот ҳарос доранд, ки дар пасманзари вазъи муташанниҷшуда дар вилоят, гуруҳҳои ҷудогонае дар Аврупо мехоҳанд аз ин вазъ истифода карда, мардуми вилояти ба низоъҳои нав бикашанд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари Гуруҳи 44 Фаромуз Иргашев, бо нақли қавл ба намояндагони мақомотва раҳбарии влоят хабар дод.

«Мо бо раҳбарони вилоят  ва намояндагони сохторҳои қудратӣ ба таври доимӣ мулоқот мекунем. Дар мавриди интерент ба мо посух доданд, ки вазъ бисёр муташанниҷ аст, барои ҳамион онҳо ҳарос доранд, ки гуруҳҳои алоҳидае, ки дар Аврупо ҳастанд вазъро истифода карда,  мардумро ба низоъҳои нав ташвиқ мекунанд»,-гуфт Иршаев.

Дар ҳамин ҳол, Иргашев таъкид кард, ки вазъ дар воқеъ муташанниҷ аст, зеро  мақомот қазияи қатли Зиёбековро хеле ба кундӣ таҳқиқ мекунанду нисбат ба сокинон парвандҳо хеле зуд ташкил мешаванд, вале парвандаҳои марбут ба кормандони мақомот, тақрибан таҳқиқ намешаванд.

«Вобаста ба дарахтоне, ки бурида шуда буданд, нисбати як ҷавон парванда боз ва ба додгоҳ ирсол шуд. Ҳамчунин ҳоло алайҳи ду ҷавони дигар бо иттиҳоми шарикӣ бо Гулбиддин Зиёбеков дар рабудани ёрдамчии додситон парванда боз шудааст, аммо мақомот ҷинояти худи ёрдамчии додситонро, ки ҳамроҳ бо Ҳабиб – корманди мақомоти дохилӣ, мехостанд бо пул шиносномаи қалбакӣ ҷӯр кунанд, баррасӣ намекунанд. Раиси собиқи вилоят Ёдгор Файзов дар ин бора дар филми «Неруи қонун», ки сари ҳар вақт ба сифати далел алайҳи бисёриҳо нишон дода мешавад, гуфта буд. Пас чаро ин филм алайи кормандони мақомот истифода намешавад?»,- мегӯяд Иргашев.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Додситони вилоят халал мерасонад”: Намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ корро муваққатан боздоштанд

Бояд гуфт, ки филми «Неруи қонун» 9 декабр дар телевизиони маҳалии «Бадахшон» намоиш дода шуда буд. Дар ин филм, аз ҷумла раиси собиқи вилоят Ёдгор Файзов суҳабт мекунад, ки оғози ин ҳаводиси фоҷиавӣ аз амалкарди як корманди пулис Ҳабиб Маҳмадов маншаъ мегирад.

«Ин одам, ки барои омода кардани шиносномаи қалбакӣ аз духтар (ба гуфтаи сокинони вилоят ёвари додситон  дархости корҳои маҳрамона кардааст, – идора) пулу чизҳои дигар талаб кардааст, сабаби ҳамин бадбахтиҳо шуд. Ӯ ба ваъдааш вафо накарда ва ба духтар машварат дод, ки ба ёрдамчии додситон (Абдусамад Абирзода, – идора), муроҷиат кунад»,-мегӯяд Файзов.

Ба гуфтаи Фаромуз Иргашев, ҳамчунин мақомти тафтишотӣ далели рӯзи 25-ум ноябр парондан ва захмдор шудани шаҳрвандонро дар  майдонро комилан таҳқиқ намекунанд ва куштани Зиёбеков хеле ба кундӣ таҳқиқ мешавад.

25-уми ноябр дар ноҳияи Роштқалъа амалиёти боздошти сокини ин ноҳия Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифт, ки мақоморти қудратӣ ӯро дар одамрабойӣ ва барангехтани кинаву адоват муттаҳам мекарданд.

Тарафдорони Зиёбеков мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятро дар куштани ӯ муттаҳам карда, ҷасади ӯро ба майдони марказии Хоруғ бо талаби таҳқиқи далели марги ӯ оварданд. Дар майдон садҳо нафар ҷамъ шуданд, ки шумораи онҳо дар рӯзҳои ахир  ба ҳазорҳо расид. Дар рӯзи оғози эътирозҳо дар майдон тирпаронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса Тутишо Аслишоеви 21-сола ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро ҳам дар баробари ҷасади Зиёбеков дар майдон гузоштанд. Ҷавони дигар Гулназар Муродбеков дар беморхона ба ҳалокат расид ва 15 нафари дигар захмӣ шуданд. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ аз Рустами Эмомалӣ хостанд ба онҳо кӯмаки амалӣ намояд

Ҳамчунин аз шумули кормандони мақомоти интизомӣ 5 нафар низ аз сӯйи эътирозгарон лату кӯб шуданд, ки дар натиҷа захм бардоштанд. Дар маҷмуъ, тавре дар филми "Неруи қонун" гуфта мешавад, дар маҷмуъ 12 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳаводис захм бардоштаанд. 

Ба гуфтаи намояндаҳои Гуруҳи 44, ҳамаи ин далелҳо таҳқиқ мешавад ва парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, вале аз рӯйи ҳодисаи парондан ва захмӣ шудани эътирозгарон касе таҳқиқ намегузаронад. 

20-уми декабр Гуруҳи 24 дар як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дархост карданд, ки вазъро таҳти назорат бигирад, вале то кунун посухе ба ин муроҷиатнома дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...