Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндаи савдои Русия Евгений Коренков рӯзи 27 декабр дар Душанбе намояндаи Русия изҳор дошт, ки сарфи назар аз падидаҳои бӯҳронии мавҷуда, соли ҷорӣ аз лиҳози рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Русия ва Тоҷикистон пурсамар буд.
“Далели бевоситаи самаранокӣ нишондиҳандаи рекордии савдои мутақобила мебошад, ки дар тӯли 11 моҳи соли 2021 аз 1,1 млрд доллар зиёд шудаст. Ва изҳори умедворӣ мекунам, ки бо талошҳои муштарак дар соли оянда мо метавонем рекорди нав гузорем”, – оварда шудааст гуфтаҳои Коренков дар саҳифаи намояндагии савдои Русия дар Тоҷикистон дар Facebook.
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Русияву Тоҷикистонро оид ба таъсиси корхонаҳои муштараки содиротӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро дар соҳаҳои маъмулии саноати сабук ва кишоварзии дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Ба масоили амалисозии бандҳои протоколи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ҳамчунин бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои ояндадори муштарак дар қаламрави ҷумҳурӣ доир ба масоили ҷалби сармоя аз Русия ба IT-индустрия, ки дар ин бахш ширкатҳои ин кишвар таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд, табодули назар сурат гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.