Мудири муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд Азизахон Валаматова ба гирифтани пора барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ гумонбар дониста мешавад.
Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада аз охирон маблағи 15 ҳазор сомонӣ талаб намудаааст.
“Аз маблағи мазкур 10 ҳазор сомониашро гирифта, боқимонда маблағи 5 ҳазор сомониро талаб мекунад”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Валаматова баъди аз шаҳрванд “А” ба сифати пора гирифтани боқимонда маблағи 5 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Азизахон Валаматова бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди пурра ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.