Додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ занро бо гуноҳи иштирок дар ҷанг дар Афғонистон ба зиндон маҳкум кардаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ.
Манобеи огоҳ аз парвандаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ин занонро тобистони соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда буданд. Онҳо асосан ба ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон гунаҳкор шудаанд, вале вакилони мудофеъ ва худашон рад кардаанд.
Мақомот ба таври расмӣ тафсилоти парвандаҳоро ошкор намекунанд, лекин Радиои Озодӣ номи ин занон ва ба чанд сол зиндон маҳкум шудани онҳоро маълум кардааст.
“Нозия Арбобова, Наргиза Ҳалимова ва Фарида Маҷидова ҳар кадоме ба 14 соли зиндон маҳкум шуда, ба Дилафрӯз Ризоева ва Олима Камолова 12-солӣ ҷазои зиндон содир шуд”, – хабар медиҳад манбаъ.
Ба иттилои манбаъҳо, занон рӯзи 8-уми июли соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод ва моҳҳои сентябр-октябри соли 2021 ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳукми онҳо аз сӯи додгоҳҳои шаҳри Душанбе, ноҳияи Синои пойтахт ва шаҳри Ваҳдат содир шудааст.
“Шавҳараш ба Афғонистон бурдааст”
Аз миёни панҷ зани тоҷик, ки ба иштирок дар ҷангҳо дар Афғонистон гунаҳкор шудаанд, номи Олима Камолова расонаӣ шуда буд. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат моҳи сентябри соли гузашта ӯро ба 12 сол зиндон маҳкум кард.
Додрас Хайрулло Ҳабибуллозода ҳангоми қироати ҳукм гуфтааст, Олима Камолова ба "ширкат дар ҷангҳои кишварҳои дигар" (моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шуд. Наздиконаш мегӯянд, Олима Камолова ҳеч гоҳ дар ҷангҳо ширкат надошт.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ шикояти кассатсионии Олима Камоловаро рад кард ва ҳукми зинаи аввалро бетағйир гузошт. Мақомот Камоловаро ба он гунаҳкор кардаанд, ки дар охири соли 2015 ҳамроҳи шавҳараш аз Русия аввал ба Озарбойҷон ва аз онҷо ба Теҳрон ва сипас ба Кобулу Нангарҳор рафтааст.
Дар парвандаи ин сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчунин омадааст, ӯ дар ҳайати гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон ҷангидааст.
Шабнами Искандар, вакили мудофеи Олима Камолова, рӯзи 7-уми январи имсол айбномаи мақомотро беасос номид ва гуфт, "парванда ва муҳокимаи додгоҳ формалӣ ва якранг буд".
Вакил илова кардааст, ки, мақомот ҳеч далеле наёфтаанд, то собит кунанд, ки зерҳимояи ӯ дар ҷангҳои Афғонистон ширкат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, "шавҳараш соли 2015 Олима Камоловаро бо баҳонаи муолиҷаи пойи духтараш ба Эрон мебарад. Дар Теҳрон мегӯяд, барои зиёрати мазор бояд ба Афғонистон раванд. Олима худдорӣ мекунад, вале шавҳараш таҳдид мекунад, ки ҷавобатро медиҳам. Аз тарс розӣ мешавад," – нақл кардааст Шабнами Искандар.
Мустақилона тасдиқ кардани ин ҳарфҳо ғайриимкон аст. Мақомот тафсилот намедиҳанд.
Олима Камолова 8-уми июли соли гузашта бо чаҳор фарзандаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш, мақомот то ҳол фарзандони Камоловаро барои нигоҳубин ба онҳо надода, дар кӯдаконистони давлатӣ нигоҳ медоранд.
Дар Афғонистон шохаи “Хуросон”-и гуруҳи ба номи “Давлати исломӣ” фаъол аст. Баъд аз соли 2015 ва шикасти ин гуруҳи тундрав дар Сурия ва Ироқ чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, ба ин гуруҳ пайвастаанд.
То ин дам чанде аз занони тоҷик бо ҷурми узвият ва ҳамкорӣ бо ДОИШ аз сӯи додгоҳҳо дар Ироқ ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд. Аммо зиндонӣ шудани панҷ зан бо гуноҳи ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи камсобиқа аст.
Гуруҳи дигари занон аз Тоҷикистон баъд аз шикасти ДОИШ ба дасти нерӯҳои курд афтода, дар урдугоҳҳо дар Сурия нигоҳдорӣ мешаванд. Онҳо чанд дафъа аз шароити сангин дар паноҳгоҳҳо шикоят карда, аз давлати Тоҷикистон хостаанд, онҳоро ба кишвар баргардонад. Мақомот ваъдаи бозгардондани онҳоро кардаанд, вале нагуфтанд, ки кай.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.