Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Толибон хостааст, ки Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобулро ба таври фаврӣ озод кунанд. Файзуллоҳ Ҷалол, рӯзи шанбеи 8-уми январ дар хонааш, воқе дар маҳаллаи "Макраюн" (Микрорайон)-и Кобул аз сӯйи афроди Толибон боздошт шуда буд.
Фон Брандт сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул дар Твиттараш боздошти Файзуллоҳ Ҷалолро ғайриқонунӣ ва бар асоси "далелҳои сохта" дониста ва навиштааст, ки Толибон бояд таҳаммули "интиқодҳои умумӣ"-ро дошта бошанд.
Хабари боздошти Файзуллоҳ Ҷалол вокунишҳои тунде дар расонаҳо ва ҷомеаи Афғонистон ба бор овард. Дар рӯзи нахустини боздошт, созмони Авфи байналмилал ва Дидабони ҳуқуқи башар низ хостори раҳоии бидуни қайду шарти ӯ шуда буданд.
Ҳукумати Толибон эълон кард, ки Файзуллоҳ Ҷалолро "барои таҳрик додани мардум алайҳи низом" боздошт кардааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон шоми рӯзи боздошти Файзуллоҳ Ҷалол, дар Твиттараш ӯро як шахси "мутаассиб" хонд.
Сухангӯйи толибон навишт, ки "як инсони муттасибе бо номи Ҷалол ба хотири тавзеҳоти чарандиёти худ дар расонаҳои иҷтимоӣ гирифтор шудааст, ки мардумро алайҳи низом таҳрик менамуд ва бо обрӯйи мардум бозӣ мекард".
Дар идома Муҷоҳид навиштааст, ки "то бошад, ки касе дигар аз одраси устод ва донишманд!!!? даст ба чунин ёвагӯйӣ, шахсияткушӣ ва ҳатаки ҳурмати инсонҳо назанад".
Сухангӯйи Толибон ҳамчунин чанд навиштаи расонаҳои иҷтимоиро низ нашр кардаву ба оқои Ҷалол нисбат дода, ки дар онҳо дар мавриди ин ки раиси истихбороти Толибон ва раҳбарони амнияти миллии кунунии Толибон шаҳрвандони Покистонанд, навишта шудааст.
Дар як тасвири дигаре, ки аз адреси Ҷалол дар Фейсбук нашршуда ва Муҷоҳид онро овардааст, дар мавриди зарбу ситами неруҳои амниятии пешини Афғонистон аст, ки Файзуллоҳ Ҷалол ба онҳо тавсия кардааст, ки ба афви умуми Толибон бовар накунанд, ё худро аз кишвар берун бикашанд ё пинҳон бимонанд. Аммо ин сафҳаи Фейсбук таъйидшуда нест ва аломати тасдиқи ин ширкатро низ надорад, ки охирин навишта дар ин сафҳа аз таърихи даҳуми октябри соли 2018 аст.
Аммо гумонзаниҳои ғолиб он аст, ки Файзуллоҳ Ҷалол барои интиқоди сахте, ки дар як барномаи "Тулуънеюс" аз Толибон кард ва яке аз сухангӯёни ин гурӯҳ Муҳаммад Наими Вардакро "гӯсолаи мутлақ" хитоб кард, боздошт шудааст.
Пас аз он, ки расонаҳои Афғонистон ва ҷаҳон гузоришҳоеро дар мавриди боздошти устод Ҷалол аз сӯйи Толибон нашр карданд, шумори зиёде аз сиёсатмадорону шахсиятҳои Афғонистон ва мудофеини ҳуқуқ башар хоҳони озодии ӯ шуданд.
Ҳусайна Ҷалол, духтари Файзуллоҳ Ҷалол, дар як твит бо таъйиди боздошти падараш навишта буд, ки: "дар ҳоле, ки хабари нигаронкунандаро таъйид мекунам, хоҳони раҳоии фаврии падарам, устод Файзуллоҳ Ҷалол ҳастам".
Пеш аз ин, як манбаъи Толибон ба бахши афғонистонии радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки оқои Ҷалол барои таҳқиқ дар мавриди иттиҳомҳое, ки бар бархе аз раҳбарони толибон ворид карда буд, фаро хонда шудааст.
Боздошти ин устоди донишгоҳ ва таҳлилгари сиёсии саршинос дар расонаҳои иҷтимоӣ низ вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт.
Путришо Госман, як мақоми баландпояи Дидабони ҳуқуқ башар аз Толибон хоста буд то ин мунтақиди сиёсиро ҳар чӣ зудтар озод кунанд. Ӯ бо интиқод аз Толибон дар як твитте нигоштааст, ки ин гурӯҳ ҳеҷ замоне "таҳаммули интиқод ва озодии баён"-ро надоштааст.
Дар ҳамин ҳол, Созмони афви байналамилал низ боздошти оқои Ҷалолро маҳкум карда ва дар як твитте навишта, ки ӯ ба далели истифода аз ҳаққи озодии баён ва интиқод бар Толибон дар як барномаи телевизионӣ, боздошт шудааст.
Ҳамчунин Масъуда Ҷалол, ҳамсари устод Ҷалол-сиёсатмадор ва устоди донишгоҳи тиббии Кобул, низ бо нигаронӣ аз саломатии ҳамсараш хостори озодии ӯ шуда, аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба сарнавишти устод Ҷалол бетараф набошанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд ҳам, боздошти Файзуллоҳ Ҷалолро маҳкум карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хост, ки "монеи бештар бад шудани вазъияти мардум ва такрори фоҷиаҳои "Толибон" шаванд".
Шуморе аз шахсиятҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла Латифи Пидром, раиси ҳизби Кунгураи миллии ин кишвар, Фавзия Кӯфӣ, узви пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон, Наҷиб Борвар шоири шаҳир ва Фарҳод Дарё, овозхони саршиноси Афғонистон низ боздошти устод Ҷалолро маҳкум карда, хостори раҳоии ӯ шудаанд.
Ҳамчунин рӯзи 9-уми январ гуруҳе аз занони Кобул ҳам дар зиёбонҳои ин шаҳр даст ба эътироз зада, аз Толибон хостанд, ки Файзуллоҳ Ҷалолро раҳо кунанд.
Файзуллоҳ Ҷалол, устоди ҳуқуқ ва улуми сиёсии донишгоҳи Кобул мебошад, ки чанде пеш дар як баҳси телевизионӣ як намояндаи Толибонро "гӯсола" хитоб кард.
Ин баҳс дар шабакаи телевизиони "Тулуънеюс" буд, ки Ҷалол Наим Вардак, сухангӯйи "Толибон" дар Қатарро "гӯсола" хитоб кард ва такроран гуфт, ки ӯ як "одами аҷибу ғариб ва мутлақ гӯсола аст". Суханони Ҷалол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёде ба бор оварда ва мавриди истиқболи бесобиқае қарор гирифта буданд.
Ин баҳс дар барномаи "Фарохабар"-и шабакаи "Тулуънеюс" шоми якшанбеи рӯзи 21-уми ноябр, бар пайи он ороста шуд, ки чанд рӯз пеш, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон Тумос Васт дар як твитташ гуфта буд, ки "Толибон" бар хилофи мувофиқатномае, ки дар Давҳаи Қатар бо ИМА ба имзо расонида буданд, қудратро бо зӯр гирифтанд.
Намояндаи Толибон дар ин баҳс ғасби Кобулро ба зӯр рад кард ва гуфт онҳо аз "як роҳи маъқул, мантиқӣ ва машрӯъ ба қудрат расиданд".
Файзуллоҳ Ҷалол амалкардҳои ҳукумати Толибонро дар ин баҳс ба чолиш кашида, гуфт Амрико бо ҳамин тафаккур, назариёт ва қавораҳое, ки толибон доранд, бо онҳо канор омаданӣ нест.
"Толибон фикр мекунанд, ки мо ақли куллем, ки нестанд, сад фисад мустақилем, мустақил ҳам нестанд. Гапҳои катта-катта заданд, мамлакатро табоҳ карданд. Ин рақам корҳо хуб нест. Мо дар дохили Афғонистон ҳастем, ҳақиқатро медонем".
Ҷалол дар хитоб ба Наим Вардак гуфт, ки ӯ дар кадом воҳиди низомии Покистон буда, аммо ман тамоми чизро ба чашмонам дидаам ва гаперо, ки мезанам дидаам.
"Мо бояд дуруст ҳарф бизанем. Бо куштану бо бастану бо нобуд кардану бо террору зӯргӯйӣ коре намешавад. Ин мамлакат мамлакати тамоми мардуми Афғонистон аст, мамлакати як қавму як гурӯҳу як синф нест. Мамлакати чор нафар нест".
Ин устоди Донишгоҳи Кобул дар ин барнома гуфт, ки Толибон манофеи мардуми Афғонистонро намедонад ва таърифи ноқис аз манофеи миллӣ доранд.
"Ман мутаасифам аз вазъе, ки ҳоло дар Кобул вуҷуд дорад, мардум нони хӯрдани худро надоранд. Амният нест, мардум гапи худро задан наметавонанд. Аз назари қавмӣ мардум табоҳ ҳастанд. Мардуме, ки муроҷиат мекунанд, дар идораҳо ва вазоратхонаҳо онҳоро намефаҳманд (яъне мансабдорони паштун забони қавмҳои дигари Афғонистонро намедонанд – АП). Мардум дар ҳоли фарор ҳастанд. Инҳо бояд аз худ интиқод кунанд, худро ислоҳ кунанд, зӯргӯйӣ накунанд, ки мардуми Афғонистон зинда ҳастанд".
Файзуллоҳ Ҷалол дар он баҳс гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ толибонро бо хиёнате, ки кард, бар асоси руҳияи қавмӣ ва паштунволӣ оварду дар Арг (қасри ҳукумати Кобул) нишонд.
Сухангӯйи Толибон дар он баҳс аз ин интиқодҳои башиддати Файзуллоҳ Ҷалол нохуш шуд ва гуфт, ки "ҳар касе, ки ҳарф мезанад, бояд дар ҳолати нурмол (нормальный) бошад, ки на ба худ душман бизояд ва на ба дигарон душном бидиҳад". Наим Вардак Ҷалолро дар ин баҳс коммунист хитоб кард, ки дар Афғонистон дар фаҳмиши ом маънои бехудову кофирро дорад.
Ин суханони Наим Вардан ба Файзуллоҳ Ҷалол асар кард, ки ӯро "гӯсола" ва "мутлақ гӯсола" хонд.
Баҳси Файзуллоҳ Ҷалол дар ин барнома бо сухангӯйи Толибон истиқболи густардаеро ба бор овард ва навори ин баҳсро ҳазорҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру бознашр карданд ва бархе чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии Афғонистон онро тафсиру тамҷид кардаанд.
Файзуллоҳ Ҷалол, профессори улуми сиёсӣ ва равобити байналмилали Донишгоҳи Кобул, зодаи Дарвози Бадахшони Афғонистон аст, ки рисолаи доктории худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳқиқ ва дифоъ кардааст. Ин устоди донишгоҳ бо баҳсҳои тезу тунд ва ҳирфаии худ дар сатҳи Афғонистон ва кишварҳои минтақа хеле маъруф аст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.