spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

Рушди иқтисодӣ дар соли 2022 дар саросари ҷаҳон то 4,1% ва дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ – то 3% коҳиш хоҳад ёфт.

“Ин қисман ба оқибатҳои пандемияи COVID-19, коҳиши дастгирии молиявӣ ва халалдор шудани кори таҳвили молу маҳсулот дар саросари дунё вобаста хоҳад буд”, – омадааст дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ.

Гуфта мешавад, дурнамои барқароршавӣ дар соли 2023 бо хатарҳои ҳама намудҳо бо шумули навъҳои нави коронавирус, таваррум ва нооромиҳои молиявӣ марбут хоҳад буд.

Мувофиқи пешгӯиҳо, соли 2022 суръати рушди иқтисод дар Аврупо ва Осиёи марказӣ то 3 фоиз коҳиш хоҳад ёфт, ки дар муқоиса бо соли 2021 (5,8 фоиз) қариб ним баробар пинтар аст.

Ин бо “шиддатёбии сиёсати макроиқтисодӣ ва мавҷҳои нави COVID-19, аз ҷумла штамми “омикрон”-и он асоснок карда мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Пешгӯии афзоиши рекордии иқтисоди Тоҷикистон дар 17 соли ахир

Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ тақвияти ташаннуҷи геополитикӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла эҳтимоли “шиддати низоъ дар Украина ё миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон”-ро аз эҳтимол дур намедонанд, ки метавонад ба бозори молиявии минтақа фишор оварад.

Мутахассисони ин ниҳоди молиявӣ коҳиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2022 то 5,5% ва дар соли 2023 – то 4,5% пешгӯӣ мекунанд.

Рушди бештар дар минтақа ба иқтисоди Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмии ҳукумати кишвар, давоми моҳҳои январ-сентябри соли гузашта рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,9%-ро ташкил дод.

Ҳарчанд ҳукумат дар соли 2021 рушди воқеиро дар сатҳи 7,6% ба нақша гирифта, Бонки ҷаҳонӣ – 3,5% пешгӯӣ карда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дурнамо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...