Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 13 январ дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия фармон ба имзо расонид. Фармони мазкур дар сомонаи сарвари давлат нашр шудааст.
Мувофиқи фармон, аз 1 январ “бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, маоши вазифавии (меъёрҳои тарифи) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд карда шуд.
Музди меҳнати онҳо ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 830 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 745 сомонӣ муқаррар карда шуд.
Гуфта мешавад, аз 1 июли соли 2022 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Ҳамчунин аз тобистон маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 366 сомонӣ муқаррар карда шуд.
Ҳамчунин нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки аз саробон маҳрум шудаанд,ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда мешавад.
Аз 1 июл стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.