Гурӯҳе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо нигорониҳои шадид аз вазъи амниятии вилоят дар як муроҷиати видеоӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки вазъи ин вилоятро таҳти назорати ҷиддии худ қарор диҳад.
Муроҷиаткунандагон вазъи имрӯзаи амниятии вилоятро дар ин навори 10-дақиқаӣ тавзеҳ дода, аз номи сокинони вилоят, ки худро тарафдори сиёсати сулҳҷӯёнаи президент муааррифӣ мекунанд, бо умедворӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунанд.
Ин муроҷиатнома, рӯзи 16-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар яке аз толорҳо, ки онҷо акси раисҷумҳур ва парчами Тоҷикистон насб шудааст, сабт шуда, гурӯҳе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар толор ҳузур доранд.
Қабл аз ин ҳам, ин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ дар як чунин як муроҷиати видеоӣ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳам хоста буданд, ки ба вазъияти ахири амниятии вилоят таваҷҷуҳ кунад. Аммо то кунун мавқеи раиси палатаи болоии порлумон дар мавриди ин муроҷтанома расонаӣ нашудааст.
Муроҷиати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ба Эмомалӣ Раҳмон, бо суханони "Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, сарвари давлат, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" оғоз мешавад.
Дар ин муроҷиат гуфта мешавад, ки "мардуми таҳаммулпазири Бадахшон тамоми мушкилиҳоро бо сари баланд мегузаронанд ва ҳукуматро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд".
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ мегӯянд, ки дар ВМКБ гаронтарин нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва бозор, гаронтарин нархи барқ ва маводи сӯзишворӣ, баландтарин сатҳи бекорӣ ва вайронтарин роҳҳо нисбат ба дигар манотиқи кишвар, вуҷуд дорад.
Аммо ин намояндагон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки "рӯйирост ва беасос паронидани мардуми осоишта, аз тарафи мақомоти қудратӣ бо ҳар ҳуқуқвайронкунии на чандон вазнин ҷавононро доғи судӣ ниҳодан, бадном ва сиёҳ кардани мардуми ВМКБ дар умум аз тариқи расонаҳо, фишороварӣ ба кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, соҳибкорон, донишҷӯён ва табақаҳои дигари ҷомеа, аз ҳама чаҳорчӯбаҳои тоқатпазирӣ ва таҳаммулпазирӣ берун бароварда шудааст.
Дар оғози ин муроҷиат гуфта мешавад, ки онҳо дар рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли гузашта, бо талаби намояндагони расмии ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва мардуми ҷамъомада дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ, бо ҳадафи ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва сулҳу субот дар пайванд ба ҳодисаи рӯзи 25-уми ноябр дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ҷону саломатии худро дар хатар гузошта, ба муҳокимаву баррасии талаботи мардуму ҳукумат корро шуруъ кардем.
"Зеро дар он рӯзҳои мудҳиш, ягон намояндаи расмии ҳукумат, аз ҷумла раисони маҳаллҳо, вакилони мардумӣ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба назди мардуми ҷамъомада набаромаданд",- мегӯянд дар ин муроҷиатнома.
Ин намояндагон ҳадафи муроҷиати худро ба раисҷумҳур вазъи сиёсиву иҷтимоии вилоят унвон кардаанд.
Касе, ки дар миёни ҷамъомадагон матни муроҷиатномаро мехонад, тазоҳуроти рӯзҳои 25-28-уми ноябри шаҳри Хоруғро рӯйида аз амалиёти ҷустуҷӯву боздошти Гулбиддин Зиёбеков, ки бо ба қатл расидани авваливу захмӣ шудани ду нафари дигар анҷомид, медонанд ва мегӯяд, ки "мардум дар заминаи ҳаяҷон ба таври худҷӯш ҷамъ шудаанд".
Дар ин муроҷиат ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин тазоҳурот 17 нафар дар назди муқаддасоти миллат – парчам, нишон ва муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмолили Сомонӣ аз тири сохторҳои қудратӣ захмдор шуданд, ки ду нафари онҳо ба ҳалокат расид.
Ин намояндагон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳоло танҳо масъалаи латукӯби амояндагони сохторҳои қудратӣ ва буридани дарахтони сарироҳӣ, ки дар замони ҳодисаҳо сурат гирифта буд, баррасӣ мешавад, аммо дар мавриди сарнавишти 2 кушташуда ва 15 захмии ҳаводис сухане нест.
Ҳамчунин ин намояндагон мегӯянд, ки тафтишоти парванди ҷиноии ба қатл расонидани Гулбиддин Зиёбеокв аз 30-юми декабри 2021 муваққатан мавқуф гузошта шудааст.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ дар ин муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки арзишҳои бебаҳое чун сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ, иттиҳоди миллати тоҷик, якпорчагии ватанро шумо бо фидокориҳорӣ ва ҷонбозиҳо барои миллат овардед.
"Овардани сулҳ барои миллати тоҷик осон набуд, вале шумо ҷаноби олӣ онро овардед. Нигоҳдошти сулҳ бошад, аз овардани он вазнинтар аст",-мегӯянд дар ин муроҷиат.
Ин намояндагон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ дар вилоят тамоми корероре, ки мекунанд оромиву сулҳу субот дар тамоми миқёси ватани азизамонро халадор мекунад.
Дар ин муроҷиат намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронӣ мекунанд, бештар аз як моҳ аст сокинони вилоят аз интернет маҳруманд, телевизиони "Бадахшон" ба ғайр аз фишор овардан ва сиёҳ кардани сокинони Хоруғ ва вилоят кори дигаре надорад.
"Аз аввали моҳи январ дар маҷлисҳои ҳукумати тамоми раисони шаҳру ноҳияҳо баромад карда, мардумро ба таҳлука ва эҳсосот меандозанд ва чунин кор тамоми заҳматҳои шуморо, кибарои сарҷамъии миллат кардаед, зери суол мегузоранд",-изҳори тассуф мешавад дар муроҷиатнома.
Муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки мардум аз тамошои барномаҳои яктарафаи ТВ "Бадахшон" безор шудаанд. Чунин ҳолати кор ба он оварда расонидааст, ки баъзе одамони калонсол ба бемории фшори хун дучор шуда, баъзеҳо аз кор ронда шуда, бархе ҳам зери таъқибу маломати мардум қарор доранд.
Ин муроҷиаткунандагон гуфтаанд, ки дар дигар манотиқи кишвар ҳама ба дунболи бунёдкориянд, аммо дар ВМКБ фақат гап аз ҷинояту ҷинояткорӣ, ҷамъоварии силоҳ ва фишор ба мардум аст.
Ҳамчунин онҳо дар охири муроҷиати худ аз он нигаронӣ кардаанд, ки раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар суханронияш дар ҷаласаи ҷамъбастии соланаи вилоят, гуфтааст, ки дар тӯли 10 моҳи охири 2021, 322 адад силоҳи оташфишон, 34 автомати Калашников, ду нориҷакандоз, миномиёт ва 63 тапонача мусодира шудааст, ки соҳибонашон ба халқ маълум нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.