Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ораш Алоӣ: аз антибиотикҳо ва доруҳои зиддивирусӣ алайҳи Омикрон истифода накунед - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ораш Алоӣ: аз антибиотикҳо ва доруҳои зиддивирусӣ алайҳи Омикрон истифода накунед

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Доктор Ораш Алоӣ, коршиноси риштаи вирусшиносӣ ба мардуми Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки  барои табобати бемории корнавирус аз ҷумла, навъи ҷадиди он «Омикрон» аз доруҳои анибиотикӣ ва зиддивирусӣ истифода набаранд, чун ҳеҷ дармоне намебахшанд.

Ин коршинос дар ҳоле чунин тавсия медиҳад, ки ҳоло дар Тоҷикистон зукоми мависимӣ дар гардиш аст ва тавре мутахассисон ҳадс мезананд навъи ҷадиди «Омикрон» низ ба зуком шабоҳат дошта, бархе мардум баъди натиҷаи мусбати ташхисҳояшон ба худдармонӣ машғул шуда, бо антибиотикҳо табобат мекунанд.

Ораш Алоӣ дар суҳбат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ниёзе ба гирифтани ҳеч доруи антибиотикӣ ва зидди вирусӣ нест, чун, барои табобати ин навъи ҷадид ҳеҷ антибиотике асар намекунанд. 

«Дар ҳолати тасф доруи «паратсетамол» ва доштани сулфа дору барои сулфаро истъмол намоянд. Дар ҳолате, ки зуд-зуд нафас мекашанд, хастагиро эҳсос мекунанд ва кабудшавӣ доранд, ҳатман ба беморхона муроҷаит намоянд», – гуфт Алоӣ.

Ӯ гуфт, ки навъи ҷадиди  «Омикрон» бо шиддат паҳн мегарданд ва нафароне, ки зуд-зуд нафас мекашанд, хастагиро эҳсос мекунанд ва кабудшавӣ, дарунравӣ, резиши оби бинӣ доранд, ҳатман ба беморхона муроҷиат намоянд. 

МЕДИА (IFRAME)

«Ҳар фарде, ки чунин нишонаҳоро дар худ эҳсос мекунанд, новобаста аз он, ки аз ташхис гузаштааст ё на, ба шифохона муроҷиат намед. Онҳое, ки ин нишонаҳоро сабук доранд дар хона бимонанд»,-мегӯяд ӯ. 

Ҳамзамон ин пизишк тавсия медиҳад, ба ҷуз бастани ду ниқоб, риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ, шустани дастон ва зуд-зуд ҳавои хонаро тоза кардан, сокинон ҳамчунин бояд ҳатман ду воя ваксина бигиранд, ки роҳи асосоии пешгирии беморист, чун ин навъи ҷадид хеле сареъ паҳн мегардад.

«Агар шахсоне, ки воксан назадаанд, ҳарчи сареътар рафта воксан бизанан ва омодагии худро барои бори севвум гирифани воксан бигиранд», тавсия медиҳад коршинос.

Бояд гуфт, ки доктор Ораш Алоӣ, ки муқими шаҳри Ню-Йорки Амрикост, чанд сол аст, ки ба унвони мушовири байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.