Гуруҳи 44, ки 28 ноябр дар Хоруғ муштаракан барои ба эътидол овардани вазъ дар ВМКБ таъсис дода шуда буд, то иҷрои талабҳояш аз ҳамкории минбаъда бо гуруҳи расмии тафтишотӣ дар вилоят даст мекашад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи ин гуруҳ Хуҷамрӣ Пирмамадов хабар дод.
Шаш нафар намояндагони ин гуруҳ, ки муташаккил аз намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, шомили гуруҳи тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони Додситонии кул шуда буданд, ки рӯзи 9 декабр бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд.
Ба гуфтаи намояндагони Гуруҳ, онҳо аз ин ҳамкорӣ қаноатманд нестанд, зеро ҳеҷ касе ҷузъиёти куштаву захмӣ шудани аҳолии осоиштаро тафтиш намекунад, лекин мардумро ҳатто барои қонуншиканиҳои ночиз ҳам ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Пирмамадов хабар дод, ки талабҳои худро онҳо ба роҳбари гуруҳи тафтишотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ҳакимзода М. додаанд. Ба гуфтаи ӯ, гуруҳ 5 талабро пеш гузоштааст:
1. Қатъи баргузории корҳои тафтишотии якҷониба аз сӯйи гуруҳи тафтишотӣ, ки ба рӯйдодҳои 25-28 ноябри соли 2021 марбут аст, вақте тафтишот танҳо нисбат ба шаҳрвандони одӣ роҳандозӣ шудаву нисбати омилони дар ҳалокати се сокини ноҳияи Роштқалъа ва захмӣ шудани 17 нафар аз силоҳи оташфишон, тафтиш бурда намешавад;
2. Аз мансаб барканор кардани сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ А. Салимзода дар робита ба суъистифода аз вазифа ва эҷод кардани монеъа ва ба ҷавобгарӣ кашидан барои тафтишот ҳамчун шахси мансабдор;
3. Ҳамаи кормнадоне, ки дар амалиёт дар деҳаи Тавдем, рӯзи 25-уми ноябр иштирок карданд, бояд аз мансабҳояшон барканор шуда, нисбати онҳо чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс татбиқ шавад;
4. Нисбат ба кормандони сохторҳои қудратӣ, ки дар ҷараёни эътирозҳо адои хидмат мекарданд ва алайҳи аҳолӣ аз силоҳ истифода мебурданд, низ чунин чора роҳандозӣ шавад;
5. Нисбат ба сардори шуъбаи умури дохилаи шаҳри Хоруғ Абдураҳмон Муборакшоев барои додани нишондоди бардурӯғ парвандаи ҷиноятӣ боз карда шавад.
Ба гуфтаи Пирмамадов, ӯ мегӯяд, ки лату кӯб шудааст, лекин чунин нест. Ба қавли сухангӯ, онҳо танҳо пас аз иҷроӣ шудани талабҳояшон, корро аз сар мегиранд.
«Агар дар маҷмӯъ бигирем, ҳеҷ гуна тафтиш нест, танҳо фишор ва айбдор кардани мардум ҳаст. Барои буридани дарахт зиндонӣ карда метавонанд, лекин қазияи ҳалокати одамонро касе тафтиш кардан намехоҳад. Мо дар чунин шакл дигар кор намекунем. Ё ҳамаи гунаҳкоронро ҷазо диҳанд, ё мо тамоман аз ҳамкорӣ даст мекашем», – илова кард Хуҷамрӣ Пирмамадов.
Ӯ зикр кард, ки агар талабҳои онҳо иҷро нашавад, пас «бигзор мардуми вилоят сари қароре ояд, ки минбаъд чӣ гуна рафтор мебояд кард, чунки онҳо мардумро намояндагӣ мекунанд ва ба онҳо ҳисобот медиҳанд».
Ёдрас мекунем, ки гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, рӯзи 9-уми декабр бо суприши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд, ки ба он прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад.
«Бо мақсади тафтиши дақиқ, шаффоф ва воқеъбинонаи ҳодиса, инчунин ҷалби гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд, ки ба он прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати гуруҳ 20 нафар кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 6 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил шуданд», – зикр шуда буд дар хабари ВКД дар робита ба қарори мазкур.
Давоми фаъолияти худ Гуруҳи 44 борҳо аз қонуншиканӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои қудратӣ хабар дода, дар ин робита онҳо ба раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ ва сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда буданд. Аз ҷумла онҳо дархост намуда буданд, ки вазъ зери назорат гирифта шавад, чунки мақомоти қудратӣ бо амалҳои худ сулҳу суботро дар вилоят ва кишвар зери хатар мегузоранд.
Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.