spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҷамолиддин Нуралиев асрори “сиёсати пурсамари пулию қарзӣ”-ро дар Донишгоҳи миллӣ шарҳ дод

Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳузури профессорон, устодон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии кишвар бо рӯнамоии мавзӯи “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” маърӯза кард.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, рӯнамои мазкур аз 74 слайд иборат буда, дар ҳар як слайди он 160 нишондиҳандаи гуногун дар 11 соли охир бо назардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо инъикос ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, қисматҳои асосии рӯнамо аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳотҳои институтсионалии БМТ дар солҳои 2015-2021, тадбирҳои Бонки миллӣ ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои бо пандемияи Соvid-19 алоқаманд ва идомаи сиёсати пешгирифта иборат буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нуралиев зикр кард, ки вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он ислоҳоти “гузариш аз миқдор ба сифат” амалӣ мешавад, ки ба беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ ва ғайра равона шудааст.

Ӯ таъкид дошт, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилотҳои қарзии мушкилотдор (ғайри қобили пардохт) аз низоми бонкӣ, дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Нуралиев моҳи майи соли 2015 бо фармони президенти мамлакат муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикитсон таъин шуд.

Чӣ дорем?

Шумори ташкилотҳои қарзӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон тайи ҳафт соли ахир беш аз ду баробар – аз 137 ташкилот дар соли 2014 то ба 63 ташкилот дар ҳоли ҳозир коҳиш ёфт.

Соли гузашта БМТ иҷозатномаи фаъолияти се бонк – “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвсетбонк” ва “Кафолатбонк”-ро бозхонд кард. Ҷараёни барҳамдиҳии ду бонки аввал ҳанӯз тобистон ва ахирӣ – моҳи октябр оғоз гардид.

Ба ҷуз бонкҳои зикршуда, айни замон 59 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 5 бонк дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Байни онҳо 23 ташкилоти қарзӣ дар заминаи муфлисшавӣ ва 9 ташкилот – на бар асоси муфлисшавӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дошта, 27 ташкилот ихтиёран барҳам дода мешаванд.

Дар низоми бонкии Тоҷикистон 14 бонки тиҷоратӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фондҳои қарзии хурд боқӣ мондааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...