spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

БАОР: Бархе аз ширкатҳои Тоҷикистон ҷумҳуриро дар ҳайати ИИАО дидан мехоҳанд

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) муносибати доираҳои тиҷоратии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) ва Тоҷикистонро ба ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор додааст.

Дар назарсанҷиҳое, ки давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2021 гузаронида шуданд, 337 ширкат изҳори ақида намудаанд.

“Ба гунаи озмоиш саволҳои марбут ба ИИАО ба ширкатҳои Тоҷикистон ҳам пешниҳод шуда, 73%-и пурсидашудагон чунин изҳори назар кардаанд, ки ИИАО ба ин ё он гунае роҳандозии тиҷоратро дар қаламрави кишварҳои узв осон мекунад”, – гуфта мешавад дар гузориши рӯзи 25 январ нашршудаи БАОР.

Мувофиқи маълумоти ин гузориш, бархе аз пурсидашудагон изҳор намудаанд, ки ҷумҳуриро дар ҳайати ИИАО дидан мехоҳанд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки огоҳии камтарини доираҳои соҳибкорӣ дар бораи фаъолияти ИИАО дар Тоҷикистон, ки узви ин иттиҳод нест, мушоҳида шудааст: аз се як ҳиссаи пурсидашудагон умуман дар бораи ИИАО маълумот надошта, 11%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки дар ин хусус бори аввал шунида истодаанд.

“Бо арзёбии самтҳои ояндадор дар соҳаи сармоягузорӣ, саноат, илм ва технология дар паҳнои ИДМ, аксари пурсидашудагон дар Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон Русияро шарики ҷолибтарин арзёбӣ кардаанд (тақрибан аз 70% то 100%-и пурсидашудагон)”, – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Усмонзода: Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодӣ зарурати амниятист, фоидаву зарар дувумдараҷа аст

Ҳамгироии тӯлкашида

Ҳукумати Тоҷикистон муддати 8 сол инҷониб аз замони таъсисёбии ИИАО мувофиқи мақсад будани узвият ба ин Иттиҳодро баррасӣ мекунад.

Ин масъала аз ҷониби гурӯҳи кории махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ омӯхта шуда, соли 2016 хулосаҳои гурӯҳ ба баррасии ҳукумат пешниҳод шуд.

Шитоб надоштани Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои расмӣ чунин маънидод мешавад, ки бурду бохтҳои узвият ба Иттиҳод ва ҳамгиройӣ дар доираи онро дар мисоли ду кишвари ба он ҳамроҳшуда – Арманистон ва бахусус Қирғизистон арзёбӣ кардан зарур аст.

Бурду бохтҳо

Қаблан таҳлилгарони БАОР изҳор дошта буданд, ки узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои иқтисоди ҷумҳурӣ самараи мусбат хоҳад дошт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон агар узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шавад, чӣ бурду бохте хоҳад дошт

“Афзалиятҳои асосии Тоҷикистон аз узвияти имконпазир ба ИИАО аз рӯйи се самт сурат мегиранд: истифодаи афзалиятҳои бозори умумии кор, истифодаи бештар пурсамари имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ”, – зикр шуда буд дар гузориши БАОР таҳти унвони “Самараҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба ИИАО”.

Яке аз афзалиятҳои муҳимтарин дар узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳодро коршиносони БАОР дар иштироки кишвар дар бозори ягонаи кор мебинанд.

Пешгӯӣ шуда буд, ки дар сурати ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳод, натанҳо афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағ, балки болоравии музди меҳнати муҳоҷиронро низ ба ҳисоби миёна ба андозаи 10-30% метавон интизорӣ дошт.

“Ҳамаи ин тағйирот дар муддати 5 сол пас аз узвият ба Иттиҳод интиқоли иловагии пулро ба кишвар дар ҳаҷми 1,3-1,5 млрд доллар таъмин карда метавонад”, – чунин мешуморанд коршиносони БАОР.

Дар баробари афзалиятҳо, муаллифони гузориш инчунин бохтҳоро аз узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ИИАО, ки хусусияти кӯтоҳмуҳлат доранд, низ зикр мекунанд.

“Бохтҳои имконпазир ба коҳиши гардиши савдо бо кишварҳои сеюм, хатарҳои аз даст додани сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба рушди иқтисод ва душвориҳо дар ҷараёни мутобиқшавии заминаи миллии ҳуқуқӣ ба талаботи Иттиҳод вобаста буда метавонанд”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...