Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов 26 январ бо муовини вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Донмез дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо, вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва форуму нишастҳои корӣ ибрози назар намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва ба мақсади таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.
“Вобаста ба ин зарурияти баргузор намудани вохӯриҳои маҷозӣ дар соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва аз натиҷаи онҳо сафарбар намудани коршиносони вазорату идораҳо ва ҳайатҳои тиҷоратии Туркия ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши имконииятҳои сармоягузорӣ ва дарёфти шарики тиҷоратӣ, таъкид гардид”, – омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корбариро дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ пурзур менамоянд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия ҳудуди 354 млн долларро ташкил додааст, ки 21,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Туркия 212 млн доллар ва воридоти маҳсулот аз Туркия ба Тоҷикистон каме бештар аз 142 млн долларро ташкил додааст.
Туркия яке аз кишварҳои камшумори шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад, ки ҷумҳурӣ бо он тавозуни мусбати савдои дуҷониба дорад, яъне содирот аз воридот бештар аст.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, давоми солҳои 2007-2020 ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 196,5 млн доллар сармоягузориҳои Туркия ворид шудааст.
Ёдрас мекунем, ки имсол ба роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркия 30 сол пур мешавад. Дар ин давра байни кишварҳо зиёда аз 65 созишномаву ёддошт ва дигар аснод ба имзо расидааст.
Тоҷикистону Туркия дар солҳои наздик ният доранд, ки тавассути роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, ҳаҷми савдои дуҷонибаро то ба 1 млрд доллар расонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.