Сенати Қазоқистон тағйиротеро қабул намуд, ки мувофиқи онҳо, Нурсултон Назарбоев аз ҳуқуқи раёсати якумрӣ дар Шӯрои амният, ҳизби “Нур Отан” ва Ассамблеяи халқи Қазоқистон маҳрум мешавад, хабар медиҳад Vласть.
Дар баробари ин сенаторҳо ба санад тағйироте низ ворид намуданд, ки дар он бекор намудани бо президент мувофиқа кардани ташаббусҳо дар мавриди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
“Вакилон тағйирот ба қонунгузориро дар мавриди бояд Шӯрои амният ва Ассотсиатсияи халқи Қазоқистонро роҳбарӣ кардани сарвари давлат тибқи мансабаш дастгирӣ карданд. Зимни баррасси лоиҳаи қонун боз як тағйирот ворид шуд. Аз қонун “Дар бораи презиенти якум” меъёр дар бораи бо президент Нурсултон Назарбоев мувофиқа кардани ташаббусҳо дар мавриди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ хориҷ карда мешавад”, – хабар додаанд дар дафтари матбуоти сенат.
Ба ин тариқ, рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни ҷаласа вакилон лоиҳаи қонуни мазкурро ба маҷлис баргардониданд, ки ин ниҳод қарори ниҳоӣ қабул мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.