Шумори захмиҳо Тоҷикистон дар даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон то ин лаҳза ба 17 нафар расидааст. Аммо имкон дорад теъдоди онҳо бештар бошад, зеро бархе аз захмиёнро пизишкон дар худи деҳаи Хоҷаи Аъло кӯмак мекунанд. Дар ин бор аз бахши Ёрии аввалияи тиббии шаҳри Исфара ба "Азия – Плюс" хабар доданд.
Расонаҳои қирғизӣ хабар медиҳанд, ки раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҳаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев дар нуқтаи марзии Чорбоғ бар сари мизи музокирот нишастаанд. Гуфта мешавад, ки музокирот беш аз як соат аст, ки ҷараён дорад.
То ин дам як шаҳрванди Тоҷикистон Обидҷон Туйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло аз шиллики гулӯла кушта шуд. Аз миёни захмиҳо ду нафар кормандони масъули ҳукумати Исфара, яке Некрӯз Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумат ва дигаре Искандар Маликӣ, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи шаҳрдори Исфара, мебошанд. Нафари аввали аз ноҳияи китф ва думуӣ аз пой тир хӯрдаанд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиҳои ин даргириҳоро 7 нафар эълон кардааст. Пойгоҳи хабарии 24.kg ин хабарро бо такя ба Вазорати тандурустии Қирғизистон нашр кардааст.
Сокинони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло, соати 01.17-и рӯзи 28.01.2022 ба "Азия-Плюс" хабар додаанд, ки беш аз 20 дақиқа шуд, ки тирпарониҳо қатъ шудаанд, аммо вазъият то кунун буҳронист.
Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз, 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар деҳаи Сомониён миёни марзбонони ду тараф даргирӣ сар зад.
Ҷониби Тоҷикистон дар шарҳи даргирҳо гуфт, ки марзбонони Қирғизистон ба мулоқоти аз қабл ҳамоҳангшуда наомаданд ва тирпарониро нахуст шуда оғоз карданд.
Бино ба изҳороти дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон, тахминан соати 17:20-и рӯзи 27-уми январ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Ҷумҳурии Қирғизистон ба теъдоди панҷоҳнафар аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки машғули регкашӣ буд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳаллаи Хоҷаи-Аъло ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар ҳаракат буд, маҷбуран боздоштанд.
Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пешгирии пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани мулоқот мувофиқа шуда буд.
"Ба ҷои ин, тахминан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз, ки дар қад-қади пули дар боло зикр шуда (275 метр) мавқеъи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуда ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Дар ҳоли ҳозир шиддати тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад",-омадааст дар изҳороти КДАМ.
Неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки "ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои ҷудогона ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техникаи ҳарбӣ мушоҳида мешавад".
Айни замон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид идома дорад. Дидбонгоҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда мешаванд, -мегӯяд Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.
Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, – омадааст дар ин изҳорот
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон дар посух ба изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо санг роҳи мошингарди Бодканд-Исфанаро бастанд ва бо истифода аз силоҳ тир кушоданд. Ҷониби Қирғизистон ҳам Тоҷикистонро дар оғоз кардани тирпарониҳо муттаҳам карда, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро рад кардааст.
Як сокини деҳаи Сомониён ба "Азия-Плюс" гуфт, ки то ҳол нерӯи барқ дар ин деҳа дастрас нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.