spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

870 миллион сомонӣ: фоидаи Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон дар соли 2021

Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби содирот ва фурӯши барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ ба даст овардааст. Ин нуктаро имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об, вазири ин ниҳод Далер Ҷумъа зикр кард.

Ба гуфтаи вазири энергетика ҳаҷми содироти энергияи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2020, 911,6 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 159,6 % -ро ташкил дод. 

"Неруи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд",-гуфт Ҷумъа.

Вазир таъкид кард, ки "содироти неруи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт.соат, ба Ҷумҳурии Узбекистон – 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт. соатро ташкил дод".

Ба гуфтаи вазир,дар маҷмуъ дар соли 2021, истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон 20 млрд. 624,6 млн. кВт. соатро ташкил дода, ки дар муқоиса ба соли 2020, 853,8 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 % таъмин карда шуд. 

Далер Ҷумъа, ҳамчунин аз зиёд шудани ҷамъоварии пули барқ дар соли 2021 хабар дод, ки дар соли гузаштаи 93,6 % ё 3 млрд. 113,6 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 (2 млрд. 728,5 млн. сомонӣ) ба маблағи 385,1 млн. сомонӣ ё 14,1 % зиёд будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...