spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархгузории билети ҳавопаймоҳо озод аст

Моҳи гузашта арзиши сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 4% поин рафт, хабар дод сардори Раёсати танзими монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳабиб Абдуллозода.

Ба гуфтаи вай, бо супориши ҳукумат аввали соли равон мутахассисони Хадамот арзиши сӯзишвории авиатсиониро мавриди таҳлил қарор доданд.

“Тибқи ҳисобҳо, сӯзишворӣ дар моҳи январ 56 доллар барои як тонна, яъне аз 1456 доллар ба 1400 доллар, яъне 4% арзон шудааст. Ин дар ҳолест, ки арзиши воридоти керосини авиатсионӣ, тибқи ҳисобҳои мо, қариб 1200 доллар аст. Илова бар ин, хароҷоти дохилии марбут ба интиқол ва фурӯши сӯзишворӣ вуҷуд дорад, ки аз ҳисоби онҳо арзиши ниҳоии маҳсулот муайян карда мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бозори керосини авиатсионии Тоҷикистон зери монополияи як ширкат – ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” қарор дорад, ки ба воридот ва фурӯши ин навъи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои кишвар машғул аст.

Қаблан ҳам мақомот ва ҳам худи ширкат ин вазъро дар бозор борҳо бо набудани хоҳишмандони ворид шудан ба ин бозор шарҳ медоданд.

Дар ҳамин ҳол, Абдуллозода зикр кард, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ надорад, ба нархгузории чиптаҳои ҳавопаймо дахолат кунад.

«Нархгузорӣ ба билетҳои ҳавопаймо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон озод буда, мисли Тоҷикистон аз ҷониби давлат танзим карда намешавад», – гуфт ӯ.

Ғайр аз ин, гуфт мутахассис, мутобиқи қарордодҳо байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия, нархи билетҳоро худи ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян ва муқаррар мекунанд.

Коршиносони мустақил мегӯянд, ҳиссаи арзиши сӯзишвории ҳавопаймо тақрибан нисфи арзиши билети ҳавопайморо ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки мусофирон аз гаронии билети ҳавопаймо дар хатсайрҳои байни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия шикоят доранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия боз аз 500 доллар зиёд шуданд. Чаро?

Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ, миёнаҳои моҳи январ аз ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Русия ва бозпас аз он ҷо парвозҳо анҷом медиҳанд, тақозо кард, ки нархи билетҳои ҳавопайморо коҳиш диҳанд ва беасос боло бурдани онро шарҳ диҳанд.

Мақомоти авиатсиноии Тоҷикистон бори дигар изҳор намуданд, ки билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва бозпас аз он ҷо ба ҳар ду самт набояд зиёдтар аз 500 доллар бошанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали моҳи гузашта билети хатсайрҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас қимат шуд. Агар то Соли нав харидани он бо маблағи аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) имкон дошт, пас нимаи дуюми моҳи январ нархи билетҳо қариб ду баробар – зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ (530 доллар) боло рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...