Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
ВКД: ҲНИТ ва Паймони миллӣ мехостанд дар Суғду Хатлону Ваҳдат амалҳои террористӣ анҷом диҳанд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВКД: ҲНИТ ва Паймони миллӣ мехостанд дар Суғду Хатлону Ваҳдат амалҳои террористӣ анҷом диҳанд

16
16

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза, 2 феврал гуфт, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон 4 талоши анҷом додани амалёти террористӣ, 2 амали террористӣ ва 15 ҳолати маблағгузории терроризм ба қайд гирифта шуда, содиркунандаи онҳо дастгир шуданд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Шодӣ Ҳафиззода, амалҳои террористӣ  ва сӯиқасд ба ҳаракатҳои террористӣ аз ҷониби аъзоёни Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом ва Паймони миллӣ (фаъолият ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) дар якҷоягӣ бо ДИИШ дар вилотяҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Ваҳдат содир шудааст.

Аммо Ҳафиззода дар ин маврид аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.

Дар идомаи нишаст, вазири корҳои дохилӣ гуфт, соли гузашта 579 нафар аъзои ташкилотҳои террористию экстримистӣ 766 ҷиноят содир кардаанд, ки аз ин 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.  

– Дар ин давра 50 нафар аъзои ташкилоти террористию экстримистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд дар ҳамкорӣ бо мақомоти кишварҳои хориҷӣ, дастгир ва ба ватан оварда шуданд.

ВКД мегӯяд, ки 75 нафар аъзои ташкилоти терористию экстримистиро бо роҳҳои таъсиррасонӣ ихтиёран ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷинотӣ озод кардааст.

Вазири дохила гуфт, “аз инҳо 25 нафар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии ВМКБ, зиёда аз 100 нафар аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом, “Гурӯҳи 24”, Паймони миллиро ташкил медиҳанд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
ВКД: Амриддин Аловатшоев худаш ба Тоҷикистон омад ва баъдан боздошт шуд

Номбурда яке аз омилҳои шомилшавии зиёди шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву эктримистиро таълиму тадриси ғайриқонунии динӣ дар муаассисаҳои таълимии хориҷа унвон кард.

Ба иттилои ӯ, соли гузашта, 19 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муасисаҳои ғайриқонинии динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикитсон оварданд.

Вазири умури дохила ҳамчунин, аз таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохили Тоҷикистон  изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки то ба ҳол чунин амалҳо дар кишвар ҷой дорад ва дар ин давра онҳо 80 ҳолати таълимоти ғайриқонинии диниро дар Тоҷикистон ошкор кардаанд.

Номбурда фаъолияти мақомотро дар самти мубориза бо ҷинотяҳои муташаккил назаррас арзёбӣ карда, гуфт, ки дар ин давра 75 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 176 нафар барои содир намудани 167 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

– Дар соли 2021 дар Тоҷикистон 652 силҳи оташфишон аз шаҳрвандон мусодира шудааст, ки 364 адади он аз сокинони ВМКБ мебошад, – гуфт вазири дохила.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...