spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Палатаи ҳисоб 282,8 млн сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кард

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонку корхона ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 282,8 млн сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кард.

Раиси Палата Қарахон Чилазода имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар соли сипаришуда (соли 2021 дар назар аст) 274 санҷиши аудиторӣ гузаронида шудааст.

“Дар ҷараёни санҷишҳо ба маблағи 282 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, дар муқоиса бо соли пешин (с.2020) шумори иншооти санҷидашуда 26 адад кам ва маблағи зиёни молиявии ошкоргардида 30,5 млн сомонӣ афзуд”, – иброз дошт вай.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Палатаи ҳисоб: Дар Тоҷикистон андозҳоро бештар пинҳон мекунанд

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳаҷми умумии зиёни ошкоршуда хароҷоти ғайриқонунии молу пул 55,7 млн сомонӣ, камомад ва дуздии пулу мол – 8,9 млн сомонӣ ва баланд нишон додани нархҳо зимни баргузории корҳои сохтмону таъмир – 23,4 млн сомониро ташкил додааст.

Зиён аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,2 млн сомонӣ, талафоти молу пул – 89,7 млн сомонӣ, талафоти буҷет аз андози паст ва пардохтнашуда – 49,9 млн сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ – 45,4 млн сомонӣ ва фоида (дивидендҳо)-и пардохтнашуда аз рӯи саҳмияҳо – 8,6 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад.

“Дар мавриди бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуда, 274,5 млн сомонӣ барқарор шуд, аз ҷумла 108,4 млн сомонӣ дар буҷети давлатӣ, 136,6 млн сомонӣ – дар муассисаҳо ва 29,5 млн сомонӣ – дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”, – зикр кард Чилазода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...