Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 феврал дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ дар пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин – шаҳри Пекин ширкат варзид.
Ӯро ба ин маросим ба сифати меҳмони фахрӣ раиси Чин Си Ҷинпин даъват кард. Дар доираи сафар сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин дидору гуфтушунид кард.
Рӯзи якшанбе хадамоти матбуоти президент дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин гузориши видеоӣ нашр кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.