Ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 11 феврал дар мактаби №31 деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми дарсҳо рух додааст. Қисмате аз боми бино чаппа шуда, сипас деворҳо вайрон шудаанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 12 феврал аз ҷойи ҳодиса боздид намуд. Дар ин ҷо бартараф намудани оқибатҳои ҳодиса ҷараён доштанд.
Ба мо муяссар шуд, ки бо мудири мактаб Мустафо Балаҷонов ҳамсуҳбат шавем.
“Рӯзи ҷумъа тахминан соати панҷ хонандагони синфи 7 мушоҳида мекунанд, ки андоваи деворҳои синф афтода истодаанд ва ба омӯзгор хабар медиҳанд. Ӯ дарҳол хонандагонро аз бино берун мебарад. Ҳеҷ касе аз онҳо осеб надидааст”, – иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, аввал боми бино фурӯ рехта, баъдан деворҳо афтодаанд: кабинети директор, як синф ва кабинети омӯзгорон тахриб шудааст.
Мудири мактаб зикр кард, ки бино аз 8 синф иборат буда, дар он 258 нафар толибилмон таҳсил мекарданд. Бинои мактаб соли 1957 ба истифода дода шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷомӣ Ҳасан Табаров, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дошт, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки бино дарвоқеъ ҳам дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, онро тахриб карданӣ буданд.
“Соли 2021 дар 9 мактаби миёнаи ноҳияи 23 синфи иловагӣ сохта шуда, айни замон дар 7 мактаби дигар сохтмони 21 чунин синф идома дорад. Дар 7 мактаби ноҳия қисмате аз биноҳо садамавианд ва дар онҳо низ сохтмони 14 синфро оғоз намудем”, – мегӯяд Табаров.
Аммо на мудири мактабу на роҳбари шуъбаи маорифи ноҳия шарҳ надоданд, ки чаро дар бинои садамавии мактаб хонандагон ба таҳсили худ идома медоданд.
Дар баробари ин дар ҷойи ҳодиса ба вазъияти хеле ноҳинҷор дучор шудем. Агар хонандагон саривақт фурӯравии деворро намедиданд, чӣ мешуд?
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.