Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Девони вазирони Ӯзбекистон рӯйхати 1000 донишгоҳи хориҷиеро нашр кардааст, ки дипломашон дар Ӯзбекистон бидуни баробарарзишӣ (нострификатсия) эътироф карда мешавад.
Дар ин рӯйхат ҳеҷ донишгоҳи Тоҷикистон роҳ наёфтааст. Аз кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо чанд донишгоҳи Русияву Қазоқистон ва бархе донишгоҳҳои кишварҳои соҳили Балтик вориди ин рӯйхат шудаанду халос.
Ин ниҳод ҳамасола ин рӯйхатро барои ҳар сол нашр мекунад. Рӯйхати навшуда барои соли 2022 донишгоҳҳоеро дар бар мегирад, ки дар қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки тобистони соли 2020 низ Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистон ба сифати таълиму таҳсил дар баъзе донишгоҳҳои Қирғизистону Тоҷикистон баҳои паст дода, гуфта буданд, ки 16 донишгоҳи ин ду кишвар ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон ҷавобгў нестанд.
Муаллифони санад ба ҳамватанони худ тавсия дода буданд, ки дар кишварҳое маълумот гиранд, ки дар раддабандиҳои бонуфузи сифати таҳсил мавқеъҳоишоиста доранд.
Баъди ин изҳорот, донишҷӯёни зиёди ӯзбекистонӣ, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳсил мекарданд, гурӯҳ- гурӯҳ ба Ӯзбекистон баргаштанд то таҳсилро дар кишвари худ идома диҳанд.
Дар гузориши ин ниҳод таъкид мешуд, ки мактабҳои олии Тоҷикистон ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил намешаванд.
Он замони вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода гуфтаҳои Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистонро як таҳқиқоти бесалоҳият ва нохолисона арзёбӣ карда, гуфта буд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бадтар нестанд.
Имомзода афзуда буд, ки ҳисобот “рақобати носолим” аст, то ки донишҷўён аз Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон барои таҳсил наоянд.
Ӯ гуфта буд, ба Вазорати маорифи Ӯзбекистон нома равон карда, зимни он изҳор доштаанд, ки ин таҳлил асос надорад. Вале тавре дида мешавад, вазъ тағйир нахурдааст ва то ба ҳол Тоҷикистон ба рӯихати донишгоҳоои тавсиявии ин кишвар, ки бидуни баробарарзишӣ дипломи он эътироф шавад, шомил нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон тибқи фармони раисҷумҳур аз 1 марти соли 2019 тартиби нави эътироф ва баробарарзишӣ (нострификасия) – и ҳуҷҷатҳои дар хориҷи кишвар додашуда ҷорӣ карда шуд.
Тибқи фармон дипломе, дар ин кишвар эътироф мешавад, ки он донишгоҳ ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил мешаванд. Дар ин сурат онҳое, ки дар Тоҷикистон таҳсил карданд, бояд дар ин кишвар дипломашонро барои баробарарзишӣ пешниҳод кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.