Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ дар Тошканд мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар аввалин барои худ мусобиқаи Чемпионати Осиё дар гуруҳи “D” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Ҷопон бозӣ мекунад.
Мувофиқи натиҷаҳои қуръакашии даври финалии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон доир мегардад, 16 даста ба чор гуруҳ тақсим шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳи тимҳои Арабистони Саудӣ, АМА ва Ҷопон ба гуруҳи “D” шомил шуд.
Коршиносон ин чоргонаро пурқуваттарин миёни дигар гурӯҳҳо арзёбӣ мекунанд.
Пас аз анҷоми даври гуруҳӣ ду тими беҳтарини гуруҳҳо рақобатро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои чаҳорякфиналиро ташкил медиҳанд.
Дар сурати ба даври 1/4 -финалӣ роҳ ёфтани дастаи Тоҷикистон, он бо яке аз дастаҳои гуруҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Ветнам ё Малайзия бозӣ мекунад.
Натиҷаҳои қуръакашии даври финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):
Гуруҳи «А»: Ӯзбекистон, Эрон, Қатар, Туркманистон.
Гуруҳи «В»: Австралия, Урдун, Ироқ, Кувейт.
Гуруҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Ветнам, Малайзия.
Гуруҳи «D»: Арабистони Саудӣ, АМА, Ҷопон, ТОҶИКИСТОН.
Бозиҳои Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол байни ҷавонон дар Ӯзбекистон бояд аз 6 то 24 январи соли 2022 баргузор мешуданд, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба моҳи июни соли 2022 гузаронида шуданд.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаҳои Чемпионати футболи Осиё байни ҷавонон аз соли 2013 гузаронида мешаванд. Ин мусобиқа то ин дам 4 маротиба доир гардида, Тоҷикистон ягон дафъа ба даври финалии он роҳ наёфта буд. Дар чор мусобиқаҳои пешин дастаҳои мунтахаби Ироқ, Ҷопон, Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ ғолибият ба даст оварда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.