spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раиси як корхонаи беҳдоштии нақлиётӣ дар Суғд ба сирқати 2,5 млн сомонӣ муттаҳам мешавад

Додситони вилояти Суғд алайҳи директори генералии корхонаи давлатии “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷурми аз худ кардан ё исрофкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба иттилои мақомот, Ҳайдар Эшонқулов директори ин корхона бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 2,5 миллион сомонӣ маблағи корхонаро тасарруф кардааст.

Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вай гуфт, Эшонқулов тибқи маслиҳати пешакӣ бо дигар масъулони корхона солҳои 2017-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ даст ба ҷиноят задааст.

“Кориҷрокунандагон корҳои тозакунӣ, безараргардониро воқеъан иҷро накарда бошанд ҳам, дар ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ онҳоро ҳамчун иҷрошуда нишон дода, маблағи пулии корхонаро дар маҷмӯъ дар панҷ ҳолат воситаҳои асосӣ ва гардони корхонаи мазкурро ба маблағи 2,5 млн сомонӣ тасарруф намудааст”,-гуфт додситони Суғд.

Алайҳи ин мансабдори давлатӣ ва масъулони дигари дахил дар ин қазия мақомоти додситонӣ соли гузашта бар асоси моддаҳои 245 қисми 4 барнди “б”, 295 қисми 1 ва 323-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, ба додгоҳ ирсол кардааст.  

Додситонии Суғд, соли гузашта дар натиҷаи санҷиши буҷаи ва бахши молия, хариди давлатии мол ва хизматрасониҳо 102 ҷиноятро ошкор кардааст, ки 90-тои он ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...