Таҳқиқгарони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ҳисоби бонкии Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов), раиси пешини вилояти Суғд ва вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон, ҳоло раиси шаҳри Ҳисорро дар Бонки Швейтсария кашф кардаанд.
Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов) дар гузашта 10 соли расо раиси вилояти Суғд (1996-2006) ва яке аз мансабдорони пурнуфузи вақт буд.
Бино ба гузориши "Озодӣ" бо такя ба OCCRP, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Сарчашмаи чӣ гуна ба даст омадани ин миқдор пул маълум нест.
Тибқи қонун мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳаққи доштани маблағ дар бонкҳои хориҷӣ ё моликият дар берун аз кишвар маҳруманд.
То кунун Қосим Роҳбар дар ин бора изҳори назар накардааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ навиштаанд, ки талошҳояшон барои тамос бо Қосим Роҳбар натиҷа надодааст.
Пажӯҳишгарони OCCRP Қосим Роҳбарро мансабдори ҳампаймони президент Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кардаанд, ки як муддат тиҷорати пахта, яке аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва манбаи асосии ба даст омадани асъори хориҷиро зери назорат доштааст.
Муҳаққиқон навиштаанд, дар як паёми дипломатии Амрико дар соли 2008 ӯ "шахсе бо гузаштаи шубҳаовар" номбар шудааст, вале дар замина шарҳи кофӣ дар даст нест.
Қосим Роҳбар, ки дар гузашта бо номи Қосим Қосимов машҳур буд, 58-сола аст ва моҳи январи имсол раиси шаҳри Ҳисор таъин шуд. То ин дам раёсати Кумитаи рушди маҳал, як ниҳоди навтаъсисро дар Тоҷикистон бар уҳда дошт. Аз соли 1994 то 1996 раиси ноҳияи Хуҷанд буд.
Соли 1996, пас аз ду соли интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард, ба мансаби раиси вилояти Суғд расид. Даҳ сол дар ин мақом кор кард.
Дар солҳои 2008-2015 дар мансаби вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои 2006-2008 раиси ҳизби ҳокими Халқии демкоратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.
Номи ӯ дар робита ба эълони ҷамъоварии як миллион тонна картошка ва якбора боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар як муддат дар сархати расонаҳо буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.