Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Барканории мудири Маркази тестӣ. Идомаи тағйирот: як ба як аз Кумитаҳои ҷавонону дин то Палатаи ҳисоб - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Барканории мудири Маркази тестӣ. Идомаи тағйирот: як ба як аз Кумитаҳои ҷавонону дин то Палатаи ҳисоб

14
14

Дар идомаи тағйироти кардрии имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон Хуршед Икромӣ мудири Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистонро озод ва ба ҷойи ӯ Сабзаалӣ Ҷаъфарзодаро, ки то ин вақт муовини раиси ин ниҳод буд, таъин кард. Дар ин бора Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин Маҳмадалӣ Раҳмонзода низ аз вазифаи муовини мудири Маркази миллии тестӣ озод шуд.

Бо қарорҳои раиси ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин се муовини раиси Кумитаи ҷавонон низ нафарони нав таъин шудаанд.

Аз ҷумла, Шабнам Раҳимзода, муовини якум ва Сураҷ Чоршанбезодаву Парвиз Собирзода, муовинони раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъин гардиданд. 

Шабнам Раҳимзода дар гузашта сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ин Кумита кор карда буд. Шабнам Раҳимзода ба ҷойи Дилноза Аҳмадзода омад, ки Аҳмадзода бар пайи тағйироти имрӯз муовини директори Оҷонсии хидмати давлатии назди президент таъин шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

То ин вақт Бибиосия Аюбӣ муовини директори директори Оҷонсии хидмати давлатии назди президент буд, акнун ба далели ба кори дигар гузаштан, аз мақомаш барканор шуд.

Сураҷ Чоршанбезода, то инвақт сардори Раёсти ҷавонони ВМКБ буд, ки ба ҷойи Ризо Назарзода омад. Ризо Назарзода чанде пеш раиси шаҳри Хоруғи ВМКБ таъин шуда буд.

Парвиз Собирзода, паҳлавони маъруфи кишвар, ки дар гузаштаи масъули бахши варзиши шаҳри Душанбе ҳам буд, акнун ба ҷойи Дилшод Назаров муовини раиси Кумита ва сарпарасти соҳаи варзиш таъин шуд.

Дилшод Назаров, ягонаи Қаҳрамони олимпии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба далели ба кори дигар гузаштан мақоми муовинати раиси Кумитаро аз даст дод.

Ҳамчунин Абдураҳмон Ваҳҳобзода низ дар пайи тағйироти кадрии имрӯз, муовини раиси кумитаи дин таъин шуд, ки то ин вақти сардори Раёсати ташхиси диншиносии ин Кумита буд. То ин вақт вазифаи Ваҳҳобзода ба дӯши Азизулло Мирзозода буд, ки акнун ба нафақа гусел шуд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо як фармоиши дигари ҳукумат Абдусамад Саидвализода мудири Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар  Тоҷикистон таъин шуд.

Имрӯз ҳамчунин Мирзозода Абдуқаҳҳор ва Маҳмадализода Маҳмурод ба вазифаҳои Сараудиторони Палатаи ҳисоб таъин ва номзадии онҳо барои таъйид ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Ҳамчунин Давлаталӣ Шарифзода низ имрӯз соҳиби курсии муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумат шуд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Раҷабалӣ Шарифзода омад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин бо фармони раисҷумҳур Раҳмоналӣ Раҳимзода, муовини мудири Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президент таъин шуд. Раҳимзода бародари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аст, ки дар гузашта дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кардааст.

Дар мувофиқа бо президент сардорони як қатор Раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Матлаб дар ҳоли такмил шудан аст….

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...