Вазорати хориҷаи Толибон бо нашри хабарномае аз Русия ва Укроин хост, ки аз даргириҳои шадид худдорӣ кунанд.
"Имороти Исломии Афғонистон аз ҳарду тараф мехоҳад, ки аз гирифтани мавқеъе, ки хушунатро шадидтар мекунад худорӣ намоянд."- омадааст дар хабарнома.
Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангуӣ Вазорати хориҷаи Толибон рузи ҷумъа, 25 феврал, бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ҳукумати Толибон бо асли бетарафӣ авзоъи Укроинро аз наздик зери назар дорад.
Дар хабарномаи "Толибон" аз талафоти эҳтимолии ғайринизомиён дар Укроин ибрози нигаронӣ шуда, аз тарафҳои даргир хоста шудааст, ки буҳрони кунуниро аз роҳи мусолиматомез ва гуфтугӯ ҳал кунанд.
Дар поёни хабарнома Толибон аз тарафҳои даргир хостааст, ки нисбат ба ҳимояи ҳаёти донишҷӯён ва муҳоҷирони Афғонистон, ки дар Укроин ҳастанд диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.