spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Донишҷӯи тоҷик аз Укроин: “Аз тарси мушакҳо дар “подвалҳо” зиндагӣ мекунем”.

Дар пайи ҳамла ва ҷанги Русия дар Укроин, Саидҷон Раҳимов, як донишҷӯйи тоҷик дар ин кишвар мегӯяд, гирифтори мушкилоти зиёде шудаанд. Пулҳояшон дар кортҳо аст, вале банкоматҳои бонкҳо пул намедиҳанд.

Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо дар вазъияти ногуворе қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ онҳо айни ҳол дар шаҳри Днепр ҳастанд ва мегӯяд ҳеҷ коре надоранд, дар хона нишастаанд. Донишгоҳ бошад 2 ҳафта таътил эълон кардааст.

Саидҷон Раҳимов гуфт, ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Укроин бо онҳо як чанд маротиба дар тамос шудаанд.  Ӯ афзуд, ки рӯйхати донишҷӯёне, ки дар шаҳри Днепр ва дигар шаҳрҳои Укроин таҳсил доранд тартиб дода ба сафорат фиристодааст.

"Аслан маълум нест, ки моро чӣ гуна аз Укроин берун мекунанд ва барои мо ҳам ҳеҷ тавсия надоданд. Танҳо гуфтанд, ки мо руйхати шуморо омода мекунем ва шумо дар ҷойҳое, ки айни  ҳол ҳастед ҳамонҷо бимонед. Намедонам тақдири мо чӣ мешавад",- гуфт Саидҷон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидҷон Раҳимов, донишҷӯйи тоҷик дар Днепри Укроин

Аз тарси мушакҳо дар “подвалҳо” зиндагӣ мекунем

Саидҷон дар идомаи суҳбат гуфт, ки бо дигар донишҷӯёне, ки дар манотиқи Укроин таҳсил доранд, аз ҷумла дар Киев, Харков, Палтава дар тамос ҳаст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рӯйхати донишҷӯёне, ки Саидҷон барои Сафорат таҳия кардааст.

"Ҳамаи онҳо аз сахтиҳое, ки ба сарашон омадааст гила мекунанд. Ман дирӯз бо бачаҳое, ки дар Киев буданд тамос гирифтам мегӯянд, ки мо дар подвалҳои хобгоҳҳои донишгоҳҳо ҳастем, то ки мушакҳое, ки мезананд ба мо осеб нарасонад",-ибрози нигаронӣ кард донишҷӯи тоҷик.

Мо бо қатора тарафи сарҳади Лаҳистон меравем

МЕДИА (IFRAME)

Донишҷӯйи тоҷик гуфт, ки шаҳрвандони хориҷие, ки аз дигар кишварҳо дар Укроин таҳсил мекунанд, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва кишварҳои дигари Осиёву Африқо як қисмашон бо мошин ва қисми дигарашон бо қатора ба сӯйи марзи Лаҳистон (Полша) рафтанд.

"Мардум мегӯянд, ки Лаҳистон қабул мекунад. Рафиқи афғони ман, ки айни ҳол дар сарҳади ин кишвар қарор дорад бо ман дар тамос шуд ва гуфт, ки мардум дар навбат ҳастанд, азоби сахт мекашанд. Тақдири онҳо ҳам номаълум аст",- илова кард ӯ.

Саидҷон гуфт, ки онҳо низ бо қатора тарафи сарҳади Полша мераванд.

Ҳамчунин ӯ дар чанд наворе, ки ба “Азия-Плюс” фиристод мегӯяд, ки пулҳояшон дар корт аст ва бонкоматҳо маблағ намедиҳанд. Намедонанд бе пул чӣ кор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Укроин рӯйхати онҳоеро, ки хоҳиши тарки кишварро доранд, омода мекунад.

"Онҳое, ки хоҳиш доранд маълумоти худро тавассути почтаи электронӣ ирсол мекунанд. Мо аллакай рӯйхати пешакиро дорем. Ҳамзамон масъалаи тахлия (эвакуатсия)-и шаҳрвандони мо низ баррасӣ мешавад», – гуфт ба «Азия-Плюс» сафири Тоҷикистон дар Укроин Давлат Назризода .

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, «аз оғози амалиёти ҷангӣ парвозҳо аз Укроин, сипас аз Молдова лағв шуданд.  Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина масъалаи бо нақлиёти заминии кишвари сеюм, баъдан бо ҳавопаймо берун овардани шаҳрвандон мавриди омӯзиш қарор дорад.  — Агар чунин карор кабул шавад, шаҳрвандони мо огоҳ карда мешаванд.

Давлат Назризода мегӯяд, мо вариантҳои дигарро баррасӣ мекунем. Имрӯз баъзеҳо ба самти Лвов ва дигар шаҳрҳои ғарби Укроин, ки амнтар аст, ҳаракат мекунанд.

"Шаҳрвандони мо низ озодона ба Молдова ва Руминия (бе раводид) мераванд ва аз онҷо метавонанд бо ҳавопаймо ба кишварҳои дигар, масалан ба Туркия ва минбаъд ба Душанбе парвоз кунанд”,-итминон медиҳад сафир.

МЕДИА (IFRAME)

Ёдовар мешавем, ки Сафорати Тоҷикистон дар Укроин чанде пеш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ба рӯйхат кардани шаҳрвандони тоҷике оғоз кардааст, ки мехоҳанд аз Укроин берун бираванд.

Ҳамчунин Сафорат гуфта буд, ки масъалаи берун бурдани шаҳрвандони кишвар дар сурати заруриро низ баррасӣ мекунад. Дар ин бора Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистону дар Укроин дар суҳбат бо "Азия-Плюс" изҳори назар карда  буд.

"Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Укроин чанд ҳазор нафар ба сар мебаранд, Сафорат телефони боварӣ (+380933361040)-ро барои шаҳрвандони Тоҷикистон шабонарӯзӣ фаъол кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...