Мусобиқаи 11-уми Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода анҷом пазируфт.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозии финалӣ “Регар-ТадАЗ” тими “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби калони 4 бар 0 шикаст дода, соҳиби Ҷом шуд.
Ин пирӯзии сеюми тими “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи Ҷоми Федерасияи футболи ҷумҳурӣ аст. Солҳои 2012 ва 2016 низ ин даста ҷомро ба даст оварда буд.
Дар бозӣ барои дарёфти ҷойи сеюми мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2022 “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 3 бар 1 бар дастаи “Хатлон”-и Бохтар дастболо шуд.
Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони мусобиқа ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Анваршо Мирзоев, мудири кулли Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва мудири шабакаи телевизиони “Душанбе” Маъруфҷон Оқилов иштирок карданд.
Ҳамлагари дастаи “Регар-ТадАЗ” Артур Фозилов, ки ба дарвозаи “Ҳосилот” ду тӯб равона кард, бозигари беҳтарини вохӯрии финалӣ эътироф карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.