Мақомоти Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе гуфтанд, ки аз ибтидои ҷанги Русия дар Украина марзҳои Украина бо Иттиҳоди Аврупоро ҳудуди 300 ҳазор кас убур кардаанд.
Иттиҳод ҳамзамон мегӯяд, мунтазири фирориҳои бештар аст.
Ба ҳамаи касоне, ки вориди Иттиҳоди Аврупо шудаанд, кӯмак расонида шудааст. "Танҳо рӯзи шанбе аз Украина 77 ҳазор кас фирор кардааст", – хабар медиҳанд мақомоти гумруки Лаҳистон.
Қисме аз фирориҳоро Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо пазируфтаанд.
Дар Аврупо гирдиҳамоиҳои зидди ҷанг дар Украина ва пуштибонӣ аз ин кишвар доир мешавад. Дар шаҳри Берлин дар "Роҳпаймоии ҳамраъйӣ" бо Украина рӯзи якшанбеи 27 феврал, ба иттилои пулис, бештар аз 100 ҳазор кас ширкат кардааст.
Гирдиҳамоии чандинҳазора бо ҷонибдорӣ аз Украина рӯзи 27 феврал дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех низ баргузор шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.