Дар пайи идома ёфтани ҷангу ҳамлаи Русия дар Укроин ва паёмади ҷаҳиши доллар дар Тоҷикистон. Нархи орду шакар ва маҳсулоти дигари ғизоӣ яку якбора боло рафт. Ҳоло арзиши як халта орди навъи якуми 50 килоӣ дар бозорҳои шимолии Тоҷикистон то 300-320 сомонӣ боло рафтааст, ки то дирӯз 265-270 сомонӣ қиммат дошт.
Нархи як халтаи 50 килоии шакар то ба 600 сомонӣ расидааст, ки то дирӯз нархи як килои он дар бозорҳо 9-10 сомонӣ буд. Фурӯшандагон гарон шудани арзиши маҳсулоти ниёзи аввалро, ки асосан воридотӣ аст ба ҷаҳиши якбораи қурби доллар рабт медиҳанд. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 9-уми март қурби 100 доллари амрикоиро дар баробари сомонӣ яку якбора аз 1128 ба 1300 сомонӣ боло бурд.
Масъулини ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, ба санҷиши омилҳои болоравии нарх дар бозорҳо шуруъ кардаанд.
Бегоҳии 9-уми март якбора нархи як халта орди 50 килоӣ дар мағозаву бозорҳои шимолии Тоҷикистон аз 294 сомонию 50 дирам то 314 сомонӣ дар фурӯш буд. Чизе, ки то чанд рӯзи пеш 265-270 сомонӣ қимат дошт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд аксе пайдо шуд, ки дар он нархи як халта орд 321-325 сомонӣ навишта шудааст, вале маълум нест, ки ин нархнома дар куҷо ва кадом вақт гирифта шудааст. Як сокини шаҳри Панҷакент навиштааст, ки нархи як халта орд дар ин шаҳр ба 320 сомонӣ расидааст.
Фурӯшандагон мегӯянд, эҳтимол қимати орд аз ин ҳам боло равад.
Ин дар ҳолест, ки давоми чаҳор рӯзи охир нархи як халтаи 50 килоӣ шакар дар бозорҳои Суғд аз марзи 600 сомонӣ гузашта, назар ба чаҳор рӯзи пеш ҳудуди 150 сомонӣ гарон шудааст.
Орду шакар, яке аз дувоздаҳ номгӯйи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи тоҷирон дар пайи болоравии якбораи қурби расмии доллар ба сомонӣ нархи он низ гарон шуд. Рӯзи 9-уми март қурби расмии доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон якбора боло рафта 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд. Паёмади онро алакай дар болоравии нархи дигар маҳсулоти хӯрокии воридотӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Фарҳод фурӯшандаи шакар дар “Афғонбозор”-и шаҳри Хуҷанд, рӯзи 9-уми март дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоло як килои шакари воридотӣ аз Русияро ба қимати 13 сомонӣ ва аз Ҳиндустонро 12 сомонӣ фурӯхта истодаанд. То чаҳор рӯзи пеш нархи шакар дар бозор аз 9,5 сомонӣ то 10 сомонӣ қимат дошт.
“Яке аз сабабҳои якбора то 3 сомонӣ гарон шудани нархи шакар ин ба болоравии қурби доллар рабт дорад. Ин навъи маҳсулот, ки асосан аз Русия ва Ҳиндустон ворид мешавад онро бо доллар харидорӣ мекунанд, ки арзиши доллар дар бозорӣ дохилӣ низ боло рафтааст. Шояд сабаби дигари гарон шудани шакар ба вазъи Русия вобаста бошад, ки ин ба мо норӯшан аст”,-мегӯяд ӯ.
Фаёзҷон тоҷири дигар низ, ки дар бозори яклухтфурӯши шакар савдо мекунад ҷаҳиши қурби долларро сабаби боло рафтани қимати шакар номид. Вай афзуд, ҳоло дар бозори яклухтфурӯшӣ як халтаи 50 килоӣ шакари воридотии Ҳиндустон 520 сомонӣ боло рафт, ки то чанд рӯзи пеш 440 сомонӣ буд. Як халта шакари воридотӣ аз Русия аз марзи 600 сомонӣ гузашт, ки пештар 500 сомонӣ буд.
Дар ҳоле нархи ин намуд маҳсулоти ғизоӣ дар бозор аз ҳам тафовут дорад, ки дар мағозаҳои озуқавории Хуҷанд нархи шакар ва қанди сафед аз 11,20 то 13,50 сомонӣ дар фуруш аст.
Мирзо Мухаммедов, як тоҷири воридкунандаи шакар ба Тоҷикистон, сабабҳои болоравии нархи шакар дар бозорро шарҳ дод. Вай дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, болоравии қимати шакар дар бозори Тоҷикистон тайи ду соли охир мушоҳида мешавад. Ва сабаби онро ба истеҳсоли ками шакар дар кишварҳои содиркунанда ба монанди Белорус, Русия,Укроин рабт дода афзуд, ҷаҳиши якбораи қурби доллар дар рӯзҳои охир нархи маҳсулоти воридотиро такон дод.
То ҳол Оҷонсии зиддиинҳисорӣ сабаби якбора боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоии воридотӣ аз ҷумла орду шакарро шарҳ надодааст. Як масъули ин ниҳод дар вилоят бидуни зикри ном гуфт, дар асоси супориши роҳбарияти Раёсати хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Суғд кормандони онҳо барои санҷиши нарх ба бозорҳо баромадаанд.
Манбаъ низ гарон шудани нархи шакар ва дигар намуди маҳсулотро ба болоравии қурби доллар рабт дод. Вале гуфт, ”дар бозор бори навро фурӯхта истодаанд ё бори кӯҳнаро санҷишгарон муайян мекунанд. Агар бори кӯҳнаро бо нархи баланд фурӯхта истода бошанд нисбаташон чора меандешем”.
Дар ҳоле фурӯшандагону ширкатҳои воридкунанда сабаби гарон шудани шакарро ба болоравии қурби доллар вобаста мекунанд, ки субҳи 9-уми март Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии доллар нисбат ба асъори миллии сомониро якбора ба андозаи 15 дарсад боло бурд. Ҳоло 1 доллар баробари 13 сомонӣ нарх дорад, ки чанд рӯз пештар 1 доллар ба 11,30 сомонӣ баробар буд.
Ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд воридоти орд ва шакар тайи ду соли охир коҳиш ёфта, баръакс воридоти гандум зиёд шудааст. Манбаъ мегӯяд, соли 2020 ба вилоят 41565 тонна шакар ба арзиши гумрукии 16 млн 464,103 доллар ворид шуда буд, ки дар соли 2021 ин рақам ба 16043 тонна бо арзиши гумрукии 9 млн 729,820 доллар баробар шуд. Фарқи воридот назар ба ду соли пеш дар соли гузашта 25522 тонна кам шудааст.
Соли гузашта орд ба миқдори 44517 тонна ва ғалла 966671 тонна ворид шудааст, ки мутаносибан назар ба соли 2020 воридоти орд 10749 тонна кам шуда баръакс ғалла 23611 тонна зиёд шудааст. Тоҷирон мегӯянд, орду гандумро асосан аз Қазоқистону Русия меоранд, ки дар ин ҷо бо доллар савдо мешавад.
Раёсати минтақавии гумрук Белорусро яке аз кишварҳои асосии содиротии шакар ба Тоҷикистон медонад. Русияву Украина дар зинаҳои баъдии таъминкунандаи бозори кишвар бо шакар буда ин навъи маҳсулот аз Қазоқистон, Бразилия, Литва, Туркия ва Ӯзбекистон низ вориди бозорҳои Тоҷикистон мешудааст.
Дар пайи низои низомии Русия ба Укроин якбора қурби 100 доллар дар Тоҷикистон аз 1130 сомонӣ то 1300 сомонӣ боло рафта баръакс қурби 1000 рубли русӣ аз 141 сомонӣ то 91 сомонӣ поён омад.
Русия, яке аз шарикони стратегӣ ва аз кишвари содиркунандаи маҳсулоти нафтиву хӯрока ба бозори Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сар аз оғози моҳи март дар мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоии Русия низ дар харидории чанд номгӯй маҳсулот то 5 дарсад аз ҷумла орду шакар маҳдудият гузошта шуд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ҳамакнун дар ин кишвар шаҳрвандон наметавонанд аз меъёр зиёд маҳсулот харидорӣ кунанд.
Дар ҳоле нархи орду шакар ва дигар намгӯи маҳсулоти хӯрокаи воридотӣ дар бозори Тоҷикистон боло рафт, ки ба иттилои Идораи омори Суғд давоми соли гузашта нархи шакар 9,7% ва орд 19,7% гарон шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.