Заррина модари панҷ фарзанд мебошад. Онҳо ҳама дар як ҳуҷраи дар ҳолати садамавӣ қарордошта умр ба сар мебаранд. Ба сурати умум дар 4 сотих замин се ҳуҷра ҷойгир шудааст. Дар дигар ҳуҷраҳо хушдоман ва хоҳарарӯсаш бо фарзандаш зиндагӣ доранд.
Шавҳари Заррина барои таъмини рӯзгори оила дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, лекин бинобар кори доимӣ надоштан, гоҳ-гоҳ пул мефиристад.
Худи зан ҳам кори доимӣ надошта, барои дарёфти маблағ ба корҳои гуногун машғул аст.
Ду нафар аз кӯдаконаш бемории фалаҷи мағзӣ доранд. Ду сол пеш бо духтари 6-солаи ӯ фоқеа рух додааст, ки аз лиҳози ахлоқӣ аз гуфтанаш худдорӣ мекунем. Ба кӯдакон барои маъюбиашон кумакпулӣ медиҳанд, лекин ин маблағ ҳатто барои доруворӣ ва нигоҳубини онҳо намерасад.
Ин оила ошхона надошта, хӯрокро дар ҳуҷра ё дар кӯча тайёр мекунанд. Шароити шустушӯяшон ҳам хуб нест, аз ин рӯ, лозим меояд, ки ин корро ҳам дар дохили ҳуҷра ё кӯча агнҷом диҳанд. Заррина ният дошт, ки дар қафои хона як ошхонаи хурдакак созад, лекин ним сотих замин баҳсбарангез баромад, чунки ҳуҷҷатҳои онро ба расмият дароварда наметавонад.
Вазъияти ин оила хеле мушкил буда, шадидан ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва беҳтар кардани шароити зисташон ниёз доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.