spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нархи гази моеъ дар Душанбе якбора боло рафт

Нархи чаканаи гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон тайи як шабонарӯз ба андозаи 12,3% – аз 6,50 сомонӣ барои 1 литр рӯзи 10 март то ба 7,30 сомонӣ дар имрӯз боло рафт.

Бино ба маълумоти расмӣ, бо сабаби нисбатан арзон будани ин навъи сӯзишворӣ зиёда аз нисфи нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ бо он кор мекунад.

Ҳамчунин болоравии арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ идома дорад.

Арзиши 1 литр бензини навъи АИ-92 давоми як шабонарӯз ба миқдори 2,6% (аз 11,70 сомонӣ то ба 12 сомонӣ) ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) ба андозаи 4,2% (аз 12 сомонӣ то ба 12,50 сомонӣ) зиёд шуд.

Ёдрас мекунем, ки давоми рӯзҳои ахир арзиши бензин ба миқдори 17% ва сӯзишвории дизелӣ – 17,7% боло рафт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Арзиши бензину “солярка” дар Душанбе якбора боло рафт

Болоравии нархи сӯзишвории автомобилӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиши тадриҷии арзиши он аз нимаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта ба мушоҳида мерасад.

Нархи сӯзишвории автомобилӣ дар Тоҷикистон маъмулан ба арзиши ниҳоии ҳамаи молу маҳсулоти дигар таъсир мерасонад, зеро боркашонии дохилӣ тариқи нақлиёт қариб пурра бо ҳамин навъи сӯзишворӣ сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи гароншавии сӯзишворӣ дар бархе аз хатсайрҳои ғайриқонунии таксии пойтахт низ роҳкиро қимат шуда, акнун ронандагон аз як нафар ба ҷойи 7 сомонии то 10 март муқарраршуда 8 сомонӣ пул мепурсанд.

Нархи нақлиёти ҷамъиятие, ки қонунӣ дар шаҳр ба фаъолият машғуланд, ҳоло бетағйир боқӣ мемонад.

Дарёфти шарҳи сохторҳои марбута ва ширкатҳои воридкунанда дар мавриди гароншавии маводи сӯхт алҳол муяссар намешавад.

Коршиносони мустақил сабаби инро ба болоравии нархи нафт дар пасманзари даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Укроин, афзоиши талабот ба маҳсулоти нафтӣ, инчунин босуръат болоравии қурби доллар дар бозори дохилии асъори Тоҷикистон рабт медиҳанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2021 сӯзишвории арзон аз Қирғизистону гарон – аз Украина ворид шудааст

Қаблан дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор дошта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби камшавии талабот ба маводи сӯзишворӣ, қимати онҳо дар як сатҳ боқӣ мемонад ё ҳатто поин меравад.

Гап сари он аст, ки дар мавсими баҳору тирамоҳ бо сабаби фаъолшавии корҳо дар бахши кишоварзӣ, талабот ба маводи сӯзишворӣ афзуда, мутаносибан, нархҳо ҳам зиёд мешаванд.

Қобили зикр аст, ки сӯзишвории дизелии зарурӣ барои эҳтиёҷоти дохилиро Тоҷикистон қариб пурра аз хориҷи кишвар ворид мекунад.

Соли 2021 ҳудуди 87%-и маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз Русия, 7,3% – аз Қазоқистон, 2,6% – аз Ӯзбекистон, 2,4% – аз Туркманистон ва боқимонда аз дигар кишварҳо оварда шудааст.

То 90% гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...