spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои муҳофизат аз офатҳои табиӣ 50 млн доллар ҷудо мекунад

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта баҳри татбиқи Лоиҳаи тақвияти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон грантро ба маблағи 50 млн доллар маъқул шуморид.

Кумаки бебозгашт аз ҳисоби Асссотсиатсияи байнулмилалии рушд барои “таҳкими устувории зербинои калидӣ ба хавфҳои табиӣ, беҳбуди тадбирҳо бобати сабуксозии хавфҳои марбут ба иқлим ва тақвияти имконоти миллӣ дар бахши идоракунии хавфҳои офат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудааст”, – омадааст дар иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли таъкид доштааст, ки ин кумак аҳамияти муҳим дорад, зеро барои ҳифзи одамон, сарчашмаҳои даромад ва зерсохтор ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда ёрӣ мерасонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба бисёре аз офатҳои табиӣ осебпазир буда, ин омил ва тағйири иқлим ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон таҳдид мекунанд.

“Давоми солҳои 1992-2016 зиёни расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 1,8 млрд долларро ташкил дода, ҳудуди 7 млн нафар аз ин офатҳо осеб диданд”, – баён мешавад дар иттилоия.

Мувофиқи арзёбии чанде пеши Бонки ҷаҳонӣ, арзиши иқтисодии офатҳое, ки ба шабакаи роҳҳои автомбилгарди Тоҷикистон дахл доранд, ба ҳудуди 0,5% нисбати ММД дар як сол баробар аст, яъне наздики 445 млн сомонӣ дар соли 2022.

Тибқи арзёбии коршиносон, бар асари тағйирёбии иқлим, ки ба шабакаи роҳҳои автомбилгард таъсир мерасонанд, миқёси офатҳо дар муддати 10 соли наздик ҳамасола 3% зиёд мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар лоиҳа ба таъмиру барқарор ва навсозии роҳу пулҳо дар вилояти Хатлон, ду пул дар роҳи Душанбе – Рӯдакӣ, қитъаҳои роҳи хавфноки байни Лабиҷар ва Қарамиқ дар долони пайвасткунандаи Душанбе бо Қирғизистон дар водии Рашт, таҳкими имконот ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани марказҳои идоракунии хавфҳо дар Хуҷанду Хоруғ ва Бохтар афзалият дода мешавад.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати молия, Вазорати нақлиёт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода амалӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон Бонки ҷаҳонӣ 23 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 1,3 млрд доллар амалӣ мекунад. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ дар доираи грантҳои Асоостсиатсияи байнулмилалии рушд, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои трастӣ (ғайритиҷоратӣ) ба Тоҷикистон беш аз 2,3 млрд доллар ҷудо кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...