Муштзанҳои навраси тоҷик ба дарёфти чор медал – 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар Урдун шарафёб гардиданд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, танҳо як варзишгари мо – Анӯшервон Фозилов( -46кг) то даври финалӣ расида,
аз намояндаи Ҳиндустон Криш Пал мағлуб ва бо медали нуқра сарфароз гашт.
Гуфта мешавад се варзишгари дигар – Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашуров (-60кг) ва Ҳангома Исоева (-57кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 4 медал зинаи 6-умро ишғол кард. Ӯзбекистон (11 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ), Ҳиндустон (8-7-10) ва Қазоқистон (6-7-9) дар садри сегонаи аввали ҷадвал қарор гирифтанд.
Дар рӯзҳои баргузории Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар Урдун Пичай Чунхаваҷира аз Таиланд президенти нави Федератсияи бокс (ASBC) интихоб шуд.
Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардида буд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.