Бар асари сӯхтори бинои баландошёнаи иқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд, касе аз бошашандагон осеб набардоштаанд, аммо зиёни калонӣ молӣ дидаанд. Раёсати оташнишонии Суғд ҳодисаро расман шарҳ намедиҳад, вале чанд тан аз кормандони ин ниҳод мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд сӯхтор бар асари таҷҳизоти барқии яке аз ҳуҷраҳо сар задааст.
Манобеъи “Азия-Плюс” дар Идораи оташнишонии Суғд, ки дар ҷараёни хомӯш кардани оташсӯзӣ ширкат карданд, мегӯянд, сӯхтор дар бинои 10 “а” сар зад, ки ин бинои бистёртабақа буда ҳудуди 50 ҳуҷра дошт.
Манбаъ гуфт, ин бино аз 6 қабат иборат буда таҳхонаву болопӯш (мансард) низ дошт ва сӯхтор дар яке аз ҳуҷраҳои қабати 6-уми бино сар зада ба 8 ҳуҷраи дигар доман паҳн кардааст. Оташнишонон масоҳати сӯхторро тахмин 350 метри мураббаро ҳисоб кардаанд.
“Бино ба тахмини ман соҳиби як ҳуҷра таҷҳизоти барқии гармидиҳиро дар ҳолати фаъол дар хонааш гузошта хомӯш кардани онро фаромӯш мекунаду аз хона бурун меравад. Сӯхтор аз як ҳуҷра сар мезанад ба болопӯши бино, ки бо гипсокартон оро ёфта буд зуд оташ гирифта ба ҳуҷраҳои дигар доман паҳн мекунад. Оташсӯзӣ асосан дар қабати 6-уми бинои истиқоматӣ сар зада аз се даромадгоҳ ҳуҷраҳо сӯхтанд”.-гуфт, манбаъ, ки нахост аз ӯ ном барем.
Ба иттилои манбаъ, касе аз сокинон дар ин оташсӯзӣ осеб надидаанд, вале 10 миллион сомонии мардумро аз коми сӯхтор наҷот додаанд. Ӯ гуфт, мардумро зуд аз ҳуҷраҳо берун бароварданд ва ҷараёни хомӯш кардани алангаи сӯхтор ҳудуди ду соат тӯл кашид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.