Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз аз шаҳри Қатар ҷониби пойтахти Яман – шаҳри Санъо роҳ пеш гирифт.
Тавре раҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Яман дидору гуфтушуниди Э.Раҳмон бо мақомоти расмӣ ва мулоқоти ҳайати кишварҳо дар назар аст. Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳамватаноне, ки феълан дар ин давлат қарор доранд, мулоқот хоҳад орост.
Ба қавли Д.Назриев, айни замон дар Яман 600 корманди тиббӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. «Президент бо шароити будубоши онҳо аз наздик шинос гардида, ба суолҳои мавриди таваҷҷӯҳи онҳо посух хоҳад гуфт», – изҳор дошт ӯ. Фардо сарвари давлат ва ҳайати Тоҷикистон ба Ватан бармегарданд.