Ахиран пас аз тақрибан 3 соли холӣ будани мансаби муовини раиси шаҳри Панҷакент, ба ин мақом Нақибӣ Парвина Нарзӣ (Парвина Тошева) таъин гардид. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Панҷакент Ҷаҳонгир Толибӣ ба “Азия плюс” иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, фармони ба вазифаи муовини раиси шаҳри Панҷакент таъин гаридани Нақибӣ Парвина Нарзӣ, дар мувофиқа бо президенти кишвар 7-уми апрел содир шудааст.
Дар ҳамин ҳол, то кунун далели аслии холӣ будани курсии яке аз муовинони раиси шаҳри Панҷакент шарҳ дода нашудааст.
Парвина Нарзӣ то ин вақт дар вазифаҳои гуногун: мутахасис ва баъдан мудири шӯъбаи кор бо занон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент кор кардааст.
Аз соли 2015 то ин дам ба ҳайси муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент кор мекард. Хатмкардаи риштаи ҳуқуқи ва мудирияти давлатии Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аст.
Қаблан дар ин мақом Зайнура Азимӣ кор мекард, ки дар соли 2019 муовини раиси вилояти Суғд таъин шуд ва ин курсӣ баъди таъинӣ ӯ то кунун холӣ буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.