spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Неруҳо пас кашида мешаванд ва ҷузъиёти пешакӣ: мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон Қирғизистон то зуҳри имрӯз давом мекунад

Бахши аввали мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи марзии Борбордуки кишвари ҳамсоя, дар ҳудуди гузаргоҳҳои сарҳадии "Кулунду" ва "Овчи-қалъача" бо тавофуқ ба пас кашидани неруҳо аз хати марз ва созишҳои дигар бахши амниятву кишоварзӣ ба поён расид. Ин мулоқот, имрӯз, 13-уми апрел сурат гирифт.

Бахши дигари мулоқот то баъд аз зуҳри имрӯз давом мекунад ва дар назар аст, ки дар хатми он як протокол бар пайи гуфтушунидҳо ба имзо бирасад. 

Дар ин мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон, фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва аз сӯйи Қирғизистон  фармондеҳи Хадамоти марзбонии КДАМ Уларбек Шаршеев, раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо ва раисони ноҳияҳои наздисарҳадӣ ширкат доштанд.

Ҷонибҳо бар пайи баррасӣ кардани тирпаронии шаби гузашта,  ба тавофуқ расиданд, ки неруҳоро аз хатти марз ба маҳалли будубошашон пас мекашанд ва сабабу омилҳои ҳодисаи дирӯза пурра омӯхта мешавад.

Вале Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳабти бидуни микрофон ба рӯзноманигорон гуфт, ки сабаби ҳодисаи дирӯза ин нофаҳми байни ду нафар марзбони тоҷику қирғиз аст. Вале ҷузъиёт надод, ки чи нофаҳмӣ. Танҳо гуфт муноқиша бар сари муаммои об набуд, балки нофаҳмии ду марзбон буд".

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар ин ҳодиса аз ҳар ду ҷониб, якнафарӣ марзбон маҷруҳ шудааст, дар мавриди вазъи сиҳатии онҳо чизе гуфта нашуд.

Ҳамчунин дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд мегӯяд, ки дар ин мулоқот "роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа якҷо ва самаранок истифода намоянд". 

Ҳодисаи типаронии дирӯз, миёнҳои соатҳои 18-19 рух додааст. Дар натиҷаи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз бино ба иттилои муқаддамотӣ чанд нафар марзбон аз ду тараф захм бардоштаанд. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазъ ҳоло дар марзи Хистеварз бо Қирғизистон чӣ гуна аст? Хабарнигори "Азия-Плюс" гузориш медиҳад

Бино ба иттилои расида бар асари тирпарронии бегоҳии 12-уми апрел дар марзи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз ду ҷониб чанд нафар захмӣ шудаанд. Аммо вазъи захмишудагонро то кунун мақомоти расмии ду тараф шарҳ надодаанд.

Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронӣ як сарбози тоҷик захмӣ шуда, дар бемористон бистари шудааст. Манбаъ гуфтааст, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст. "Вай аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст. Ҳоло дар ҷарроҳӣ аст ва вазъаш вахим аст"-гуфтаст, манбаи "Озодӣ".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...