Бонки осиёии рушд (БОР) бозистии нисбатан зиёдтари рушди иқтисодро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Қафқоз дар соли 2022 дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад.
Дар гузориши чанде пеш нашршудаи БОР оид ба рушди Осиё дар соли 2022 пешгӯӣ мешавад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон ба андозаи 7,2% – аз 9,2% дар соли 2021 то ба 2% аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 коҳиш меёбад.
Тибқи арзёбии таҳлилгарони БОР, нисбатан наздиктар ба Тоҷикистон Гурҷистон қарор дорад, ки дар рушди иқтисоди ин кишвар коҳиш ба андозаи 7,1% – аз 10,6% дар соли 2021 то 3,5% пешбинӣ шудааст.
Ба сегонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо пешгӯиҳои номусоидтарин Ӯзбекистон низ шомил аст, ки коршиносони БОР сатҳи коҳиши иқтисоди онро 3,4% нишон додаанд.
Пешгӯиҳои поин рафтани рушди иқтисод дар дигар кишварҳои минтақа дар сатҳи аз 3% поинтар қарор дошта, барои иқтисоди Турманистон бошад, ҳатто рушд – аз 5% дар соли гузашта то ба 6% аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 пешгӯӣ шудааст.
Коҳиши рушди иқтисод дар Тоҷикистон дар чунин сатҳи баландро коршиносоони БОР ба "таъсири ҷиддии имконпазири таназзули иқтисоди Русия" марбут медонанд.
Рушди иқтисодии поинтар аз пешбинии таҳлилгарони БОР барои соли 2022 дар Тоҷикистон бори охир дар соли 1997 сабт шуда буд, ки 1,9%-ро ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон бештар хушбинтаранд: рушди иқтисодӣ дар соли 2022 ҳамагӣ 1,2% коҳиш ёфта, ба 8% мерасад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.