Нигарониҳое, ки чанд рӯзи ахир сокинони нуқтаҳои марзӣ ва бархе таҳлилгарону соҳибназарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди марз изҳор мекарданд ба дарозо накашид. Сарфи назар аз мулоқоти рӯзи 12-уми апрели раисони вилояти Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон дар нуқтаи марзии Гулистони Исфара, ки масоили амниятӣ ва обёриро баррасӣ карданд, шоми 12-уми апрел миёни марзбонон тирпаронӣ сурат гирифт.
Ин ҳодиса дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рух дод, ки дар натиҷаи сарбози 27-солаи тоҷик Зоир Саидумаров кушта шуд.
Қабл аз ин, рӯзи 11-уми апрел гуруҳҳои топографии ҳар ду кишвар аз анҷоми кори якҳафтаинаи худ дар Тоҷикистон хабар дода буданд, ки умед мерафт натиҷаҳои малмусе дошта бошад.
Чизи дигар ин ки, дар авҷи ин нигарониҳо, Қирғизистон бо гузашти ду моҳ, рӯзи 12-уми апрел вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва сафири собиқаш дар Олмонро ба унвони сафир дар Тоҷикистон таъин кард ва интизор мерафт, ки таъини як дипломати ботаҷриба бояд паёми рӯшан ва нишони изҳори ирода барои ҳалли мушкилоти марз бошад.
Нигарониҳо дар мавриди марз, бо наздик шудан ба солгарди ҳодисаи хунини даргириҳои мусаллаҳони як сол пеш (29-уми апрели соли 2021) дар Исфара зиёдтар шуда истодаанд. Хусусан вақте ҳодисаҳо ва иқдомҳои мушобеҳ ба рӯзҳои пеш аз сар задани ҳодисаи соли гузашта мушоҳида мешаванд.
Дар низоъи соли гузашта, аксари таҳлилгарон яке аз омилҳои даргириҳоро гузаронидани тамринҳои низомӣ дар марз ва изҳороти носанҷида ва болохонадори бархе мансабдорони икшвари ҳамсоя маънидод мекарданд. Имсол ҳам ин гуна иқдомоти мушобеҳ, нигарониҳои дигарро ба бор овардааст.
Хусусан дар нуқтаҳои марзии ҷамоатҳои Чоркуҳу Ворух ва деҳаҳои гуногуни марзии Исфара мардум аз пештара дида нигаронанд.
Рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, зодаи нуқоти марзии Исфара Неъматулло Мирсаидов ду рӯз пеш аз авзоъи нуқтаҳои марзӣ ва руҳияи сокинон нигаронии сахте кард.
Ӯ навишт, ки бар асоси иттилои расида аз деҳаҳои марзии тоҷикӣ ниҳодҳои хоҷагии оби ноҳияи Бодканди Қирғизистон талош доранд, ки тақсими обро дар канали фаромилии Торткӯл таҳти назорат бигиранд. Бидуни мувофиқа бо ҷониби Тоҷикистон ба қубурҳо ҷӯмак (вентил) насб мекунанд.
“Ин дар ҳолест, ки дар тарҳи бунёди иншооти обёрӣ таъмини об ба тамоми маҳаллаҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар канори ин канал воқеанд, пешбинӣ шуда буд”, -менависад ӯ.
Бояд гуфт, ки канали Торткул чун роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфана моликияти Ҷумҳурии Қирғизистонанд ва дар чанд минтқа қаламрави Тоҷикистонро убур мекунанд. Аммо ин ҳудудҳо ҳоло таҳти назорати низомиёни Қирғизистон қарор доранд. Рӯзи 10 март, ки марзбонони тоҷик талош карданд масири хидмати марзбониро тағйир бидиҳанд ба ҳодисаи тирпаронии шаби 10 ба 11-ми март овард, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта шуд.
“Таҳлилгарони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки иқдомоти якҷонибаи ҳамсояҳо барои ташдиди фаъолияти иншооти ирригатсионӣ, ки барои ду кишвар хидмат мекунанд, метавонад боиси муноқишаи нав шавад. Ва дар назар гирифтани миқдори зиёди техникаву низомиён, хатар ба суботу оромӣ дар марзро бамаротиб зиёд мекунад. Ҳамчунин аз бархе аз манобеъ гузориш шудааст, ки Қирғизистон қасд дорад дар чорроҳаҳои ҷоддаҳо посгоҳҳои изофӣ бисозад, ки метавонад барои ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон монеа эҷод кунад ва эътирозҳоро ба вуҷуд орад”,-нигаронӣ кард ин рӯзноманигор.
Назари сокинон ва мансабдорони маҳаллӣ чист?
Ин нигарониҳоро сокинони нуқтаҳои марзӣ ҳам доранд. Муҳиддин Нозимов, сокини маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 12-уми апрел гуфт, ки ҳоло марз ором аст, аммо мушоҳида мекунем, ки ҳамсояҳо техникаву низомиёнро ба самти Кӯктош, мавзее, ки дар марзи Чоркӯҳу Хоҷаи Аъло аст, кашонда истодаанд, ки хеле шубҳаовар аст. Баъди охирин муноқишаи тирандозӣ техникаҳоро бурда буданд, боз оварда истодаанд.
-Дар гузашта дар саргаҳи оби ҷӯйбори мо, клапан (ҷӯмак) набуд, ҳоло кафшеркорӣ (сварка) карда клапан монданд. Моро ба ҳашар даъват накарданд, худашон ин корҳоро карданд. Дар болотари маҳаллаи мо канали Торткӯли қирғизҳо ҷойгир аст, мо дар он ҷо нуқтаи обгирӣ доштем ва ҳама ҳуҷҷатҳоро дорем. Маҳаллаи Ибод Файзулло, Бӯстон, Лангар пурра аз ҳамин канал об менӯшад. Мо намедонем, ки оқибати ин кор чӣ мешавад. Мардум ба мақомоти марзбонӣ ва раиси шаҳри Исфара мактуб мекунем гуфтанд. Шояд онҳо ягон чора андешанд ё сари ягон муросо биёянд, ин барои мо ҳоло норӯшан аст,- мегӯяд ин сокини маҳалӣ.
Бояд гуфт, ки мувофиқи таҷрибаи солҳои пеш дар ин нуқтаҳо, ҳар моҳ давоми 10-12 рӯз ба заминҳои полезии Конибодому Исфара об медоданд. Акнун ҳоло бо гузоштани клапан норӯшан аст, ки обгирӣ аз ин канал чӣ мешавад. Ин дар ҳоле, ки оби нӯшокӣ ва полезии ин сокинон ҳамин оби канали Торткӯл аст. Ҳоло дар ин манотиқ касе, ки дар хонааш ҳавз обнигаҳдорӣ надорад маҷбур аст оби нӯшокиро аз ҷӯёбори поёнтар бо сатил бикашонад. Нигаронкунадатар аз ҳама масъалаи обёрии боғҳо аст, ки ҳоло рӯшан нест бо чӣ меанҷомад.
Аз рӯйи гуфтаи сокинон бояд 15-уми апрел барои сокинони Тоҷикистон обро кушоянд, ваъдае, ки ба иҷро шуданаш бовар хеле кам аст.
Аммо Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, ки ҳоло вазъи ором асту нигаронии ҷиддие нест, вале ҳамсояҳо аз аввал пинҳон кор мекарданд ва карда истодаанд.
“Худ бо худ омодагӣ дидаву дар маҳалҳои наздисарҳадиву аҳолинишин тамрин гузаронида истодаанд. То ҳатто ҳангоми тамрини ҳамсояҳо садои тиру силоҳҳояшон ба маҳалли аҳолинишини ҷамоати мо омада мерасад. Худи мардум ҳам барои нороҳат нашудану ба ҳар гуна таҳлука наафтодан ба мо дархост мекунанд. Мо талаб кардаем, ки чунин тамринҳо дар шароите, ки вазъ ба сӯйи оромӣ рафта истодааст шарт нест, вале онҳо гӯш намедиҳанд”.
Насриев мегӯяд, ки ҳоло ҷониби ҳамсоя гуфта истодааст, ки ба хотири хизматрасонии сифати баланд дар сари канал клапани дарвоза (задвижка) гузошта истодаанд. Лекин мо дархост кардем, ки якбор даромада бубинем иҷозат надоданд. Ин канали “Дӯстӣ” ном дорад, қирғизҳо худашон онро Торткӯл ном гузоштанд, тибқи харитаи соли 1989 аз қисмати Чоркӯҳ ва қисман ҷамоати Сурх гузашта баъд ба Бодканд меравад.
Ба гуфти масъулони маҳаллӣ, дар саргаҳи ин канал 9 нуқтаи оғози ҷӯйбори мардум буд, ки ҳоло ба саргаҳи се даҳана клапан (задвижка) заданд. Аз ин канал ҳудуди 10 ҳазор аҳолии Чоркӯҳ оби полезиву нушокӣ мегиранд. Мутобиқи асноди фаннии Торткӯл, канали “Дӯстӣ) ҳангоми сохтмонаш дар замони Шӯравӣ то имрӯз меъёр муайян карда шудааст. Бояд аз 1-уми апарел то 1-уми июн оби каналро сар диҳанд ва баъдан аз 1-уми июн то 1-уми апрел обёрӣ карда мешавад. Дар ин моҳҳое, ки обро сар медиҳанд об пурра ба тарафи Исфара партоб мешавад.
Ҳоло ҷониби кишвари ҳамсоя ба масъулон ва сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки “задвижка”-ро ба хотире мондаанд, ки ҳангоми бастану кушодан ё тоза кардан кор осон шавад, вале ин корро мувофиқа накардаанд. Ин кор тақрибан панҷ рӯз пеш (7-8-уми апрел) сурат гирифтааст. Худи мардуми маҳалҳои тоҷикнишинро ба саргаҳ баромадан намемонанд, вақте ба мардум об лозим шуд худи қирғизҳо обро ҷорӣ мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон дар саргаҳ ягон мироб надорад, миробҳои худи идораи об мебароянд, талаб мекунанд, баъд масъулони кишвари ҳамсоя обро мекушоянд.
Ҷамшед Раҳматов, сокини маҳаллаи Ибод Файзуллоеви Чоркӯҳ мегӯяд, ки дар хатти нахусти марз зиндагӣ мекунад ва хеле нигарон аст.
“Рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта, ки дар ин рӯз дар Чоркӯҳ бозор мешавад, машқ мекунанд ва аз саҳар то нисфирӯзӣ давом мекунад. Мо нигаронем, ки боз нимашаб чизе нашавад. Худатон медонед дар ҳодисаи охир, ки шабона соати 02:00 рух дод чӣ карданд”.
Нигарониҳо бо чӣ меанҷомад?
Нигаронии аслии сокинони марзӣ аз ин аст, ки натиҷаи тамоми мулоқот ва протоколҳои имзошуда иҷроӣ карда намешавад ва баъди ҳар қазияву даргирӣ мулоқоти наву протоколи нав ба имзо мерасад, ки эътимод ба онҳо хеле кам мондааст.
Сокинон ва ҳатто таҳлилгарон изҳороти бепардаи мансабдорони кишвари ҳамсоя ва тамриниҳои низомӣ бо паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-ро ба унвони таҳдид қабул мекунанд.
Камчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон 25-уми март дар рӯзи тақдим кардани теникаҳои низомии навхарида ба неруҳои низомӣ, изҳор дошт, ки дар се чор рӯзи оянда бо паҳподҳо тамрин гузаронида мешавад. Ин техникаи низомиро кишвари ҳамсоя охири соли 2021 харида буд.
Тошиев гуфт, ки Қирғизистон ин паҳподҳо (Байрақтар ТБ, моли Туркия)-ро барои ҳифзи марз, хусусан марз бо Тоҷикистон харидаанд.
Ниҳоят охири моҳи март ин тамринҳои низомӣ бо ҳузури раисҷумҳур Ҷабборов дар шаҳри Баликчи Исиқкӯл гузаронида шуд.
Ҳодисаи шоми 12-уми апрел нигарониҳоро ба воқеияти бебаҳс табдил дод. Воқеияте, ки ояндаи роҳи ҳалли масъаларо на ба музокироту гуфтушунид, балки бештар ба даргириву низоъ раҳнамоӣ мекунад.
Пешдастии ниҳодҳо ва расонаҳои қирғизӣ дар расонидани иттилоъро, ки ғолибан ҷониби Тоҷикистонро дар сар задани ҳама гуна ҳодиса ва даргирӣ гунаҳкор мекунанд, коршиносон навъе аз ҷанги иттилоотӣ ва омили низоъбарангез медонанд.
Аз ҷумла, коршиноси варзидаи масоили марзӣ Шералӣ Ризоён мегӯяд, ки низомикунии хати марз бо Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон чанд моҳ боз идома дошту дорад ва ҳамаи амалкарди ҳамсояҳо ба интиқомҷуӣ ва реваншизм рост меояд.
Мақомоти расмии қудратии Тоҷикистон то кунун ба таври расмӣ дар мавриди нигарониҳои ахири сокинон дар нуқоти марзӣ вокунише накардаанд. Ин кор нигарониҳои сокинонро бештар кардааст. Онҳо дар ҳоли ҳозир ба ин боваранд, ки “албатта мақомоти масъул ягон чораву тадбире меандешанд”.
Ҳарчанд ҳамаи таҳлилгарон, коршиносон ва мансабдорони расмӣ: аз фармондеҳони маҳаллии марзбонҳо гирифта то раисони ноҳияву вилоятҳо ва вазирону раисони ҷумҳуриҳо ба як роҳи ҳал – музокирот ва гуфтушунидҳо таъкид мекунанд, вале сари чанд вақт рух додани тирпарониву даргириҳо, ки бештар аз ҷониби Тоҷикистон қурбонӣ мегиранд (ба ҷуз ҳодисаи моҳи апрели соли гузашта) бовар ба ин “ягона роҳи ҳал”-ро кам кардааст.
Руҳияи сокинонони марзӣ ин аст, ки дар шабу рӯзҳои ахир, дар солгарди даргириҳои хунини соли гузашта ҳодисаи мушобеҳе рух медиҳад. Ин нигарониҳо то куҷо асос доранд, маълум нест, аммо як чиз маълум аст, ки даргирӣ масъалаи марзро ҳал намекунанду онро ба бунбаст мебарад. Чизе, ки ҳар ду тараф онро хуб медонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.