Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғ дар шаҳри Панҷакент дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ва чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз иштирок кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Аз ҷумла президент Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар”-ро ифтитоҳ кард, ки он аз ҷониби соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ бунёд шудааст. Дар ин муассиса 400 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Сипас бо ҳузури сарвари давлат Маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебели “Рахш” ва коргоҳи дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар идома майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ба истифода дода шуда, маросими пардабародорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ доир гардид.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 ба номи “Спитамен” мавриди истифода қарор гирифт. Мактаб барои таҳсили 806 нафар толибилмон пешбинӣ шуда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи 9,2 млн сомонӣ бунёд шудааст.
Ҳамчунин дар Панҷакент бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази савдо ва хидматрасонии “Убайдулло” ҳусни оғоз бахшида шуд. Иншооти мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он манзилҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ ҷойгир карда шудааст. Қабати якуми иншоот коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
Дар идома бо ҳузури президент маросими ифтитоҳи Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” баргузор шуд. Он аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд сохта шудааст. Масоҳати иншоот 960 метри мураббаъ буда, толори варзишӣ дорои 300 ҷойи нишаст мебошад.
Дар анҷоми сафар президент дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.
Зимни суханронӣ сарвари давлат изҳор намуд, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи 118 лоиҳа ба маблағи 1 млрд 860 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар шаҳр 8 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст.
“Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, ҳамаи онҳоро даъват менамоям, ки дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза мо бояд аҳлона кор кунем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем ва аз тамоми имкониятҳое, ки табиат барои мо муҳайё кардааст, яъне оби фаровон, замини ҳосилхез ва боду ҳавои мусоид самараноку оқилона истифода барем”, – зикр кард сарвари давлат.
Сафари сарвари давлат ба вилояти Суғд идома дорад. Имрӯз президент аз дигар шаҳру навоҳии ин минтақа боздид мекунад.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.