Рӯзи 15 апрели соли равон мурофиаи нахустини додгоҳии модари 66- сола ва хоҳари 34-солаи Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва зодаи ноҳияи Рашт зери роҳбарии додраси додгоҳи ноҳияи Ҷиргатол Маҳмуд Баротзода баргузор гардид. Дар ин бора Зубайдулло Худоёров, яке аз писарони гумонбар хабар дод.
Номбурда гуфт, ки додгоҳ модараш Мавҷигул Ғарибоваи 66-сола ва хоҳараш Валамат Худоёроваи 34-соларо барои захмӣ кардани яке аз қотилони писараш гумонбар медонад.
Ба таъкиди ӯ, дар мурофиа модару духтар иттиҳомро беасос, туҳмат ва фармоишӣ дониста гуфтаанд, ки иддаои Алишери Насриддин комилан нодуруст аст ва уву духтараш ба ӯ зиён нарасонидаанд.
Зубайдулло афзуд, ҳодиса моҳи октябри соли гузашта рух дода буд ва баръакс, бояд даъвогарон барои латукӯби модараш ҷавоб мегуфтанд.
– Рӯзи 27 октябри соли 2021, вақте модарам аз хонаи апаам бармегашт, Алишери Насриддин яке аз гумонбарони аслии қатли писарам ба ӯ мегӯяд, “аз марги амакам Мансур Ҳамидов хурсанд шудӣ”. Модарам мегӯяд, “кори нохуб шуд, беҳтараш зинда мемонду марги писари қотилашро медиду мисли ман месӯхт”. Ҳамин замон Алишер модарамро лату кӯб мекунад. Мо натиҷаи ташхисро дар даст дорем, ки онҳо ба саломатии модарам зарари миёнаи ҷисмонӣ расониданд, – гуфт Худоёров.
Номбурда мегӯяд, додгоҳ дар мурофиаи нахустин ҳарфи ҷабрдидаро гӯш кард ва барои шунидани ҳарфи модару хоҳараш мурофиаро то рӯзи ҷумъаи 22 апрел мавқуф гузошт.
– Модарам дар додгоҳ ҳамаи ҳарфҳои Алишери Насриддинро, ки гӯё сарашро хам карда, ба сару рӯяш зада бошад, рад кард ва гуфт, ки чӣ гуна як зани 66-сола сари ҷавони бузургҷусаро хам карда ба рӯяш мезадааст?! Ин қувватро ман надорам, гуфт модарам, – мегӯяд Зубайдулло Худоёров.
Ӯ ҳамчунин, гуфт намедонад, ки хоҳараш Валамат Худоёроваро барои чӣ гумонбар медонанд, дар ҳоле ки ӯ дар муноқиаши рӯи 27 октябри соли 2021 ширкат надошт.
Зубайдулло Худоёров мегӯяд, барои исботи бегуноҳии модар ва хоҳараш шоҳид доранд, ки рафти ҳодисаро мушоҳида кардааст. Ӯ гуфт, шоҳид дар додгоҳ баромад хоҳад кард.
То ба ҳол назари даъвогарон, аз ҷумла Алишери Насриддин, ки гуфта мешавад аз дасти модару хоҳари Худоёровҳо зарари ҷисмонӣ дидааст, маълум нест.
Мақомоти додгоҳӣ ба таври расмӣ то поёни қазия аз додани шарҳу тавзеҳ ба расонаҳо худдорӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 2021 Раёсати умури дохилии ноҳияи Рашт бар зидди Мавҷигул Ғарибова бо гумони даст доштан дар “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Тақрибан як моҳ баъд, бо ҳамин ҷурм, Валамат Худоёрова, духтари ӯро шарики ҷиноят донистанд.
Гуфта мешуд, ки он замон худи Ҷунайдулло Худоёров ҳам дар ин муноқиша ширкат дошт ва гӯё бо табар ба сӯи Алишери Насриддин, даъвогар ҳамла карда бошад. Рӯзи 4 ноябри соли 2021 мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рашт алайҳи Ҷунайдулло Худоёров ҳам бо гумони авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намуда буданд. Вале худи Худоёров иддаоро рад намуд ва гуфт, ки нафаре ки шикоят кардааст, ӯро ба қатл таҳдид намудааст, дар муноқишае ки ӯ ором кард, ширкат надошт.
Баҳси хонаводаи Худоёровҳо бо ҷониби дигар баъди куштори Алиризо Худоёрови 21-сола, донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Рашт, ки моҳи июли соли гузашта дар як занозанӣ аз зарби корд ба ҳалокат расид, оғоз шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар, аз ҷумла бародари Алишери Насриддин – Зафарҷони Насриддин ва Абдулло Азимовро ба 19 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум карда буд. Аммо Худоёровҳо ҳодисаро "аз пеш тарҳрезишуда" ва "кори дасти камаш панҷ нафар" медонанд.
Зубайдулло Худоёров мегӯяд, даъвои алайҳи модару хоҳараш идомаи баҳси куштори писараш Алиризо аст ва он дар пай як ҳадаф дорад: бояд онҳо хомӯш бошанд ва дигар дар барои боздошти қотилони писараш Алиризо садо набароранд.