Интизор меравад, соли хониши имсол барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон 1 июн ҷаъбаст шавад. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ гуфт, дарсҳо барои синфҳои 1 рӯзи 25 майи соли 2022 ба анҷом мерасад.
Имсол имтиҳони хатм ва аз синф ба синфгузаронии хонандагони синфҳои 5 то 11 аз 3 то 20 июн баргузор мешавад.
Аз Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ҷамъбасти дарс дар донишкадаву донишгоҳҳо вобаста ба нақшаву барномаҳои худи онҳо амалӣ мешавад.
Баҳси анҷоми соли хониш солҳост, ки дар кишвар доғ аст. Чанд соле пеш, 25 май ҳамаи дарсҳо дар кишвар ба анҷом мерасид. Баъдан ин санаро ба 1 июн, дертар ба 7 июн, чанд соли охир ба 14 июн оварданд. Ин дар байни волидон норозигӣ ба миён меовард.
Зоҳиран ба ин баҳс соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нуқта гузошт. Ӯ рӯзи 1 сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод кард, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки соли гузашта бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва паҳншавии мавҷи нави бемории зикршуда тибқи дастури Ҳукумати мамлакат анҷоми дарсҳо аз 14-уми июн ба 7-уми июн гузаронида шуд.
– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин, мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ мо бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошем,- афзуда буд Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорф ва илми Тоҷикистон дар охирин нишасти матуботии ниҳоди зери роҳбариаш дар мавриди дароз кардани соли таҳсил дар кишвар посух дода буд, ки ин “ба иқлим, муҳити ҷуғрофӣ, табиат ва дигар ҳолатҳо вобаста аст.
– Масъалаи дигар, мо аллакай ба низоми дигари таҳсилот гузаштем ва ин низом вақту соат буҷети навро талаб мекунад. Падару модар андешаи як нафарро мекунанд, мо пешбарандаи ҳамин сиёсат ҳастем, мо таҳлил мекунем, меомӯзем таҳқиқ мекунем, – гуфта буд вазири маориф.