Дар семоҳаи аввали соли 2022 намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик беш аз 2 миллиону 200 ҳазор рубли русӣ маошеро рӯёнидааст, ки корфармоён нахмехостаанд бипардозанд. Ин маблағ дар асоси 49 муроҷиате рӯёнида шудааст, ки ба намояндагӣ расидааст.
Намояндагии вазорати меҳнат дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар медиҳад, ки дар ин муддат 49 муҳоҷири кории тоҷик ба далели напардохтани маош ба ин идора муроҷиат кардаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни баррасии муроҷиатҳо, аз ҷумла, нақзи қонунгузории меҳнати Русия аз ҷониби як ширкати сохтмонӣ, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон А.С.З маоши 5-моҳаро напардохтааст, ошкор гардида, маблағи умумии он 327 ҳазору 800 рублро ташкил додааст.
«Инчунин, маош ба шаҳрванд Н.Х.С. ба маблаги 175 хазор рубл, ба Г.С. 40 ҳазор рубл ва ба шаҳрванд Ж. С. Р 100 ҳазор рубл сарфи назар аз иҷрои талаби корфармо пардохт карда шуд. Намояндагӣ баъди қабули муроҷиатҳо бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо корфармоён – роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ дар тамос шуда, масъалаи пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатии тарафҳоро, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Русия ва созишномаҳои дуҷониба байни ду кишвар баста шудаанд, баррасӣ намуданд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷа корфармоён ба ин муҳоҷирон 642 ҳазору 800 рубл маош пардохт намуданд.
Намояндагии Вазорати меҳнат ба муҳоҷирони тоҷик тавсия медиҳад, ки қабл аз оғози кор бо корфармо шартномаи меҳнатӣ банданд. Ҳамчунин ҳатмӣ аст, ки дар давоми 2 моҳ аз рӯзи гирифтани патент барои кор бо фиристодани нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи фаъолияти кориашон хабар диҳанд.
Ин тадбир ҳамчунин имкон медиҳад, ки муҳоҷири корӣ бидуни убури сарҳади давлатӣ мӯҳлати патент барои фаъолияти меҳнатӣ дар Русия тамдид шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.