spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боришоти шадид дар Тоҷикистон: селу обхезӣ ва сангрезаву роҳбандиҳо

Боронҳои пуршиддат ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши хок боис гардида, дар натиҷа рӯзҳои 20-21 апрел ҳодисаҳои селфароиву сангреза ба қайд гирифта шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, соати 06:30 дақиқаи субҳи имрӯз дар километри 94-96-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш дар мавзеи Ҳамаланго лойқа фаромадааст.

“Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуда, лекин айни замон тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд”, – хабар доданд дар Кумита.

Зикр шуд, ки шабонарӯзи гузашта ба Хадамоти зидди жолаи Кумита муяссар шудааст, ки кишти зироатҳои кишоварзиро аз зарари жола ҳифз намояд.

“Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ёрии партоби мушакҳои зидди жола ду қисмати хавфноки абрҳои жолаовар безарар гардонида шуданд”, – хабар медиҳад Кумита.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз боришоти шадиду сел ва раъду барқ

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти селии хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ба сурати умум то 25 апрел дар саросари кишвар боридани борону ба амал омадани раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз аҳолӣ дархост мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба кӯҳҳо, занбӯруғчинӣ, ҷамъоварии алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Инчунин тавсия дода мешавад, ки ба хотири дурӣ ҷустан аз ҳодисаҳои нохуш ба назди махзанҳои об нараванд, чорвочаронӣ низ дар рӯзҳои пурбориш маслиҳат дода намешавад.

Кумита ба сокинони деҳоти кишвар тавсия медиҳад, ки ҳамеша худро ба ҳар ҳолати фавқулодаи эҳтимолӣ, аз ҷумла омадани селу обзехӣ бар асари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо омода кунанд. Телефонҳояи худро дар ҳоли омодагӣ нигоҳ доранд, доруқутии хонаро бо доруҳои ниёзи аввал, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ғайра пур кунанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз селҳо Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаву ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағал тоза кунанд.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мешавад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намуда, ба ҳамаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...