Тоҷикистон ва Беларус ният доранд, ки дар минтақаи озди иқтисодии “Суғд” корхонаи муштараки истеҳсоли қолинҳо таъсис дода, ҳамкориҳои тиҷоратиро байни ду кишвар густариш диҳанд.
Масоили мазкур 20 апрел зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко баррасӣ шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот инчунин масъалаҳои афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк ва тақвият додани ҳамкориҳо дар самти рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда баён намуданд.
Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо навъи саноатӣ-инноватсионӣ соли 2009 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Муносибатҳо байни Тоҷикистону Беларус 5 сентябри соли 1996 роҳандозӣ шуданд. Моҳи феврали соли 1997 дар Минск сафорати Тоҷикистон ва соли 2011 дар Душанбе – сафорати Беларус ба фаъолият оғоз намуданд.
Қобили зикр аст, ки аз Беларус ба Тоҷикистон техника барои сохтмон, мебел ва таҷҳизоти барқӣ, маҳсулоти кимиёвии ғайриорганикӣ ворид шуда, маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ин кишвар пахта, пашм, хушкмева, алюминий ва тухмиҳои равғандорро дар бар мегирад.