Эммануэл Макрон барандаи даври дувуми интихоботи Фаронса, ки рӯзи якшанбеи 24 апрел баргузор гашт, эълом шуд.
Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, Макрони 44-сола 58 дарсади овозҳоро касб кардааст. Рақиби ростгарои ӯ Марин Лё 42 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст, менависад нашрияи Le Figaro.
Эммануэл Макрон дар интихоботи панҷ соли қабл 66,1 дарсад ва рақиби ростгарояш Лё Пен 33,9 дарсади овозҳоро касб карда буданд. Дар интихоботи 24 апрел зидди Макрон иштирокдорони эътирозҳои оммавӣ алайҳи гароншави сӯзишворӣ, афзоиши андоз ва поин рафтани сатҳи зиндагии мардум дар Фаронса раъй додаанд.
Бештари раҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз Макрон ҷонибдорӣ карда, изҳори нигаронӣ карда буданд, ки пирӯзии рақиби ростгарои ӯ ба Иттиҳоди Аврупо метавонад осеб расонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.